«БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН». Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалишавии он дар пойтахт ба тавсиб расид

Январь 29, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 29.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2024-2026 бобати амалисозии «Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» тасдиқ гардид.

Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои аҳолии ҷавон ва ояндадор буда, мавқеи худро нисбат ба ҳуқуқи кӯдак муайян намудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо барои барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Таваҷҷуҳ ба ин масъала аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак (1989), конвесияҳои Ташкилоти байналхалқии меҳнат  «Оид ба ҳадди ақалли синну сол барои ба кор қабул кардан» (с.1993) ва «Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак» (2005) ва Тавсияномаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат «Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати нест намудани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон» сарчашма мегирад.

Дар ин радиф қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014 оид ба «Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо» ва аз 31 октябри соли 2014 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ шуда буданд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии батасвибрасида ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати ҷавонон, ки ояндаи миллат мебошанд, равона карда шудаанд. Ҳамзамон онҳо ба амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва роҳ надодан ба ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат равона шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 29, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад