Намояндаи Тоҷикистон дар брифинг оид ба натиҷаҳои СОР29 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҳотам Қурбонзода дар брифинг оид ба натиҷаҳои Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР29), ки бо ташаббуси Намояндагии доимии Озарбойҷон дар Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, Ҳотам Қурбонзода оид ба чорабиниҳои сатҳи баланд, ки дар доираи СОР29 дар Боку моҳи ноябри соли 2024 аз ҷониби Тоҷикистон танзим ва баргузор гардиданд, маълумот дод.
Ҳамзамон бо истифода аз фурсат бори дигар кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои ҳавасмандро барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба таҷлили нахустин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии об (Ню-Йорк, 21 марти 2025) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи 2025) даъват намуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд






