НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шумораи гурӯҳҳои русию англисӣ 20 адад зиёд шуд

Февраль 4, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ соли равон дар 58 гурӯҳи академӣ машғулият бо забони русӣ, дар 11 гурӯҳ бо забони англисӣ ва дар 4 гурӯҳ бо забони чинӣ гузаронида шуд. Ин тадбир ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси бозори меҳнати ватанию ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Дар маҷмуъ, шумораи гурӯҳҳои русию англисӣ назар ба соли 2023  20 адад зиёд карда шуд.

Ин нукта имрӯз, 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баён гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд, нишасти матбуотӣ аз шиносоӣ бо дастовардҳои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ оғоз шуд.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иброз намуд, ки «дар шаш факултети донишгоҳ дар зинаҳои бакалавр аз рӯи 49 ихтисос, дар зинаи магистратура аз рӯи 12 ихтисос ва дар зинаи докторантура (PhD) аз рӯи 9 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Таҳким бахшидани заминаҳои моддию техникии раванди таълим ба татбиқи ихтисосҳои наву замонавӣ мусоидат намуда, дар соли таҳсили 2024-2025 вобаста ба талаботи бозори меҳнат 13 ихтисоси нав, асосан дар самти омӯзгорӣ ва техникӣ таъсис ёфтанд. Қабули донишҷӯён аз рӯйи ин ихтисосҳо дар соли нави таҳсил амалӣ мешавад».

Илова гардид, ки дар соли таҳсили 2024-2025 нақшаи қабули довталабон пурра иҷро гардида, донишгоҳ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои сифатнок ва саривақтии нақшаи қабул дар ҷойи дуюм қарор гирифт.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Февраль 4, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид