НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Шоҳмансур соҳиби 111 медали тилло гардиданд

Февраль 6, 2025 13:26

 ДУШАНБЕ, 06.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 375 медал, аз ҷумла 111 медали тилло, 129 нуқра ва 135 медали  биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  33 медал зиёд мебошад.  Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода иттилоъ дод.

Дар ноҳия 22 толори варзишӣ, 3 майдон, 53 майдончаи варзишӣ ва 6 маркази солимгардонӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 49 мураббӣ ба 19 ҳазору 282 варзишгар намудҳои гуногуни варзишро тамрин медиҳанд.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 369 чорабинӣ бо фарогирии 218 ҳазору 42 нафар, дар самти рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 219 чорабинӣ бо фарогирии 204 ҳазору 325 нафар, дар самти ободкорию созандагӣ 63 аксияю шанбегиҳо бо фарогирии 6296 нафар, 119 аксияи таблиғотию ташвиқотӣ  бо фарогирии 6892 нафар, 141 мулоқоту суҳбат бо фарогирии 5856 нафар гузаронида шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд