Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Женева оид ба корҳои дар соҳаи логистикаи нақлиётӣ анҷомёфта сухан кард

Февраль 13, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои иштирокчии СПЕКА шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд. Имрӯз ҳиссаи онҳо беш аз 35 фоизи тамоми гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурии моро ташкил медиҳад. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҳамоиши «Минтақаи СПЕКА дар чорроҳаи Аврупо ва Осиё: рушди робитаҳои байниминтақавӣ дар заминаи эҷоди хатсайрҳои устувори мултимодадӣ», ки дар Женева баргузор шуд, иброз дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамоиш аз ҷониби Котиботи Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (КИА СММ) дар доираи иҷлосияи 87-уми Кумита оид ба нақлиёти дохилии ин комиссия (11-14 феврали соли 2025) доир мегардад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки иқтидори мавҷуда бо захираҳои бузурги меҳнатӣ ва табиии кишварҳои аъзои СПЕКА ҳанӯз истифоданашуда боқӣ мемонад. Истифодаи самараноки ин иқтидор метавонад ба беҳбуди некӯаҳволӣ ва шукуфоии иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, инчунин таҳкими сулҳу амният дар минтақа мусоидат кунад. Дар робита ба ин ҷонибдории Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ва мутақобили судманд дар соҳаи нақлиёт таъкид гардид.

«Фаъолияти самараноки низоми нақлиётӣ на танҳо ба рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамкории иқтисодӣ дар қаламрави СПЕКА мусоидат мекунад, балки ҳамкории фаъолонаи байни халқҳоро таъмин намуда, миллионҳо одамонро ба раванди фаъолияти созанда ҷалб месозад. Аз ин рӯ, бунёди долонҳои нави байналмилалӣ барои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ ва марказҳои логистикӣ тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ ва сода кардани расмиёти тартиб додани ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ, ташкили ҳамлу нақли мустақими контейнерӣ ва омехта барои суръат бахшидан ба интиқоли мол зарур аст»,-афзуд вазир.

Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи замони муосир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди долонҳои нақлиётӣ барои боло бурдани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодии мамлакат ва табдил додани он ба минтақаи муносиби транзитӣ аҳамияти махсус медиҳад. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ 64 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 2,8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ карда шуд. Дар натиҷа зиёда аз 2600 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар иншооти зарурии инфрасохтор, ки ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошанд, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳоло дар соҳа 18 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад, ки ҳамаи ин лоиҳаҳо аҳамияти минтақавӣ доранд.

Вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим оид ба корҳои дар соҳаи логистикаи нақлиётӣ анҷом дода иттилоъ дод, ки дар мамлакат лоиҳаҳо доир ба таҳкими инфрасохтори нақлиётӣ, ташаккули долонҳои транзитии нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли минтақавӣ ва байналмилалии автомобилӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин замина ба рақамисозӣ, татбиқи технологияҳои нав ва истифодаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза диққати махсус дода мешавад.

«Дар робита ба ин «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул шуда, корҳо оид ба рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти ҷумҳурӣ амалӣ мешаванд. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуд»,- тазаккур дод Азим Иброҳим ва илова намуд, ки пас аз таъсиси ин марказ то имрӯз аз 5600 км дар беш аз 5200 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ бо мақсади шиносномакунии минбаъдаи онҳо ҷамъоварии дороиҳои роҳ ба анҷом расидааст. Корҳо оид ба тавсеаи фаъолияти долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» идома доранд. Истифодаи он аз нуқтаи назари расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор муфид арзёбӣ мегардад.

Азим Иброҳим изҳори қаноатмандӣ намуд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ солҳои охир азми худро барои пешбурди ҳамкории дохилиминтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт нишон доданд. Имзои Созишнома дар бораи таҳкими робитаи байни нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, мисоли ин аст.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки татбиқи Эъломияи Душанбе, ки 27 ноябри соли 2024 дар доираи Форуми иқтисодии СПЕКА дар шаҳри Душанбе қабул шуд, инчунин Харитаи роҳи СПЕКА барои рақамикунонии мубодилаи мултимодалии маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар долони Транскаспий бо истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки дар саммити СПЕКА 24 ноябри соли 2023 дар Боку ба тасвиб расидааст, қадами устувор барои расидан ба ин ҳадафҳо мебошад.

Маълумот дар бораи СПЕКА

СПЕКА (Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ) майдони ҳамкории минтақавӣ буда, панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро муттаҳид мекунад. Он соли 1998 аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид (КИА СММ) ва Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCATO) таъсис дода шудааст. Мақсади Барнома мусоидат ба кишварҳои иштирокчӣ дар рушди иқтисодӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисодиёти Аврупо ва Осиё мебошад. Дар айни замон Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон давлатҳои иштирокчии СПЕКА мебошанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева ҷаласаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо баргузор шуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика дар Душанбе баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ёвон 5 коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуд
Мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Фонди саудии рушд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Мақомоти гумрук ба буҷети давлатӣ беш аз 9,7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд
Соли 2024 аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 19 монографияи илмӣ ба нашр расид
Дар Тоҷикистон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 120 корхона бо 600 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб қариб 80 миллион сомонӣ зарари молиявӣ берун аз нақша барқарор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ ба андозаи 0,2 фоиз устувор гардид
Дар Тоҷикистон талафоти неруи барқ коҳиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Бадахшон 67 тафтишу санҷиш анҷом дод