Дар ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории СММ масъалаи барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 7 март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Дар рӯзи аввали ҷаласа директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба системаи ҳисобҳои миллӣ, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сухан намуд.
Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа роҳбарони аввали мақомоти омори давлатҳо дастовард ва рушди низоми омори миллиро бо ҷалби шарикони рушд, истифодаи техникаву технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Инчунин дар ҷаласа иштирокдорон масъалаи гузариш ба ҳисоботи электронӣ ва ҳамгироии махзани маълумот бо дигар вазорату идораҳо, дарёфт ва ба ҳисобот ворид намудани маълумот аз дигар манбаъҳои нави омори расмӣ табодули таҷриба намуда, мушкилоти ҷойдоштаро муҳокима менамоянд.
Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид- мақоми олии низоми байналмилалии оморӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар ҷаласаҳои он стандартҳои ҷаҳонии ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳни маълумоти оморӣ баррасӣ ва тасдиқ мешаванд. Инчунин дар ин ҷаласаи Созмон гузоришҳо оид ба принсипҳои асосии омори расмӣ, нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди устувор ва мушкилиҳои ҷойдошта, низоми ҳисобҳои миллӣ, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, сарчашмаҳо ва усулҳои нави ҷамъоварии маълумоти оморӣ, махсусан истифодаи маълумоти калон баррасӣ мегарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳошияи ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид, вохӯрии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва роҳбарони мақомотҳои омори давлатҳо дар самти ҳамкории минбаъда дар назар дошта шудааст.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Зафарабод беш аз 6 ҳазор гектар ғалладонагӣ кишт карда шудааст
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашӣ васлу насб карда шуд
Дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вена баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Дар Вена роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди рушди байналмилалии OPEC баррасӣ гардид
Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтенгии «S&P Global Ratings» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми рушди ОПЕК-2026 дар Австрия иштирок намуд
Дар Австрия дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНИДО баррасӣ шуд
ҶАЛАСАИ 45-УМИ ШУРОИ ИДОРАКУНАНДАГОНИ ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ. Дар Тоҷикистон нуҳ лоиҳа ва барнома татбиқ мегардад
Дар Ашт боғи интенсивӣ бо усули объёрии қатрагӣ ва боронӣ ташкил карда шудааст
Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад






