Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид

Март 6, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мақоми олии қонунбарори мамлакат ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали созандагиҳо ба неруи офарандаи Зан-Модар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин давлати миллиро дар асоси ормонҳои модарони тоҷик, ки ҷавҳари онро сулҳу салоҳ, ҳамдилию ҳамгироӣ ва худогоҳию башардӯстӣ ташкил медиҳад, бунёд гузоштанд. Занон низ бояд масъулияти баланди миллию шаҳрвандӣ дошта, дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳм гузоранд.

«Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои фараҳу шодмонӣ, шоистагию қадршиносӣ ва саршор аз садоқати волои инсонӣ аст, ки ҳамасола мардуми Тоҷикистон ва хосса, ҷавонмардони боиззат онро интизор мешаванд ва ба истиқболи шоистаи он омодагии хос мебинанд. Зеро ин ҷашне аст, ки бо исми бузурги Модар пайванд мебошад ва зиндагию рӯзгори ҳар кадоми мо аз муҳаббату самимият ва шарофату фидокории модарон  сарчашма гирифтааст»,-изҳор намуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Рӯзи Модар ҷашне аст, ки на танҳо дар мамлакати мо, балки дар ҳар гӯшаву канори олам бо хушнудии том истиқбол мегардад. Бо шарофати ин ҷашн аз муҳаббат, самимият, покию иззат, шарафу номус ва офарандагии Зан-Модар сухан гуфта  мешавад. Зеро Модар ҳаммаънои офарандагӣ ва ҳаммаъвои зиндагии башарият мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад