Имрӯз ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Майдони Истиқлоли пойтахт барномаи консертӣ бо мушакпаронӣ доир карда мешавад

Март 21, 2025 13:56

ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, соати 19:00 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз консерти идона бо мушакпаронӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ  ҷашну ойинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз менамуданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Фалак,  шашмақом, чакан, атлас ва адрас эҳё гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаю  мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 21, 2025 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд