Пагоҳ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 март ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Аз ҷумла, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Умари Хайёми пойтахт, Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун» ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе барномаҳои рангини идона баргузор мегарданд.
Дар ин рӯз бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо фарорасии фасли баҳор мардуми тоҷик омодагиашонро ба таҷлили ҷашни ниёгон оғоз менамоянд. Дар бештари шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимию фарҳангии мамлакат дар ин рӯзҳо барномаҳои идона пешниҳод мегарданд.
Имрӯзҳо ба муносибати таҷлили бошукуҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз тамоми гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе зебу зиннат дода шудаанд. Дар онҳо гулҳои рангорангу дарахтони сояафкани гулпӯш ва дигар ороишоти рамзи баҳору Наврӯз насб гардида, ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт дар ин боғҳо ба сайру гашт мебароянд.
Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро давоми садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва сарбаландии маънавияш медонад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат дар ҳар хонадони мамлакат шодиву фараҳ танинандоз шуда, марди деҳқон бо умеди ҳосили фаровон ба замин донаи умед мепошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид






