Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имзои ин санад қадами муҳим дар роҳи тавсеа ва таҳкими ҳамкории илмию таҳлилӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад.
Иброз гардид, ки Ёдошти тафоҳум 24 апрел зимни вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо ректори Институти тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал, доктор Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории илмию таҳлилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Аз ҷумла, имконияти рушди ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисон ва барномаи табодули таҷриба байни коршиносони тарафайн муҳокима гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз ҳайати Институти тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал бо Маҷмааи меъмории «Истиқлол» шинос гардид.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ–амалӣ доир шуд
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
6 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Дар ноҳияи Ёвон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд
«ТОБИСТОН-2026». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии истироҳатгоҳҳои тобистона доир гардид
Ширкати «IRS» дар 320 километр роҳ навсозӣ анҷом медиҳад
Кумакҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мешавад
5 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Кӯлоб бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир гардид






