Дар шаҳри Душанбе Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ оғоз гардид

Апрель 6, 2025 10:15

ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ оғоз гардид, ки дар он варзишгарону роҳбарони сохторҳои варзишии зиёда аз 22 давлати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ иштирок доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласаи Форум масъалаҳои сеюмин Бозиҳои Осиё байни наврасон дар давлати Баҳрайн, Бозиҳои Осиё дар толор ва ҳунарҳои размӣ дар Ар – Риёзи Арабистони Саудӣ – 2026, 20-умин Бозиҳои Осиё дар Айчӣ – Ногояи Ҷопон – 2026, барномаҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва омода намудани варзишгарон барои Бозиҳои олимпии Лос – Анҷелес — 2028 мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Зимни ифтитоҳи Форум Раиси Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбӣ бо ҳадафмандӣ барои рушду таҳкими фарҳанги ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби арзишҳои олимпӣ ва беҳтарсозии зерсохтори варзишии мамлакат талош менамояд.

«Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар солҳои охир Тоҷикистон ба як минбари муҳим барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи баланд табдил ёфтааст. Аз ҷумла дар давлати мо Гран-слам ва Гран — прии ҷаҳонӣ оид ба дзюдо, Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон оид ба дзюдо, Чемпионати Осиё оид ба бокс, Чемпионати Осиё оид ба гӯштингирӣ, Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш, бозиҳои интихоботии «Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ», инчунин мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ, варзиши сабук, таэквондо, самбо ва дигар намудҳои варзиш баргузор гардидаанд. Ин чорабиниҳо ба як ҷашни воқеии варзиш табдил ёфта, собит сохтанд, ки Тоҷикистон омода ва қобили баргузории мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мебошад», — афзуд ӯ.

Таъкид карда шуд, ки яке аз намудҳои миллии варзиши точик — гӯштингирӣ — солҳои охир шуҳрати байналмилалӣ пайдо кардааст. Бо кӯшишҳои муштарак ва дастгирии ҷомеаи варзишӣ, он берун аз марзҳои мамлакат тарғиб ёфта, маҳбубияти бештар касб намудааст.

Изҳори умед карда шуд, ки бо дастгирии Шурои олимпии Осиё гӯштингирӣ дар оянда ба рӯйхати намудҳои варзиши олимпӣ шомил мегардад ва чун мероси фарҳангиву варзишии минтақа шинохта мешавад.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди солим ва устувори варзиш дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва барои рушди ҳамаи намудҳои варзиш — ҳам анъанавӣ ва ҳам муосир — ҳамеша омодаи ҳамкорӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки Форум аз 5 то 8 апрел идома ёфта, дар доираи он баргузории чорабинии варзишии «Дави дӯстӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Иштирокдорони Форум мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе низ тамошо менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2025 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад
Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид