Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми якуми минтақаҳои ИДМ дар Тошканд иштирок намуд

Апрель 29, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Тошканд Форуми якуми минтақаҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар кори он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иштирок  намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон  Ҳоким Холиқзода зимни  суханронӣ  дар  форум дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда,  густариши ҳамкории иқтисодиро байни  кишварҳои ИДМ, хусусан рушди муносибатҳои гуногунҷанбаро байни минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаҳои дигар кишварҳои аъзои Иттиҳод дар шароити кунунӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуд.

Нақш ва аҳамияти минтақаҳо ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодӣ дар рушди ҳамкории минтақавӣ дар доираи Иттиҳод таъкид гардид.

Форуми минтақаҳои ИДМ майдон ва имконияти  нави бисёрҷонибае мебошад, ки барои таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ таъсис дода шудааст. Дар доираи баргузории он намояндагони субъектҳои давлатҳои иттиҳод имконият доранд, масъалаҳои вобаста ба  ҷанбаҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитариро баррасӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳадафҳои Форум баррасии дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, технологӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва нақлиётию логистикии давлатҳои аъзои ИДМ, дастгирии  соҳибкорон дар барқарор намудани робитаҳои корӣ бо корхонаю ташкилотҳои давлатҳои аъзои ИДМ, рушди тиҷорати мутақобила ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.

Дар кори форум соҳибкорон ва масъулини давлатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки раёсати ИДМ дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст ва дар доираи раёсати кишвари мо  баргузории беш аз 100 чорабинии сатҳҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Апрель 29, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд