Озмуни «Беҳтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе» баргузор мешавад

Апрель 16, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт Озмуни «Беҳтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Озмун бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб меравад, гузаронида мешавад. Инчунин ҳадаф аз баргузории озмун зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ва таъсиси ҷойи кор мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки рушди саноат ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид гузошта, нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.

Бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар сӣ соли истиқлолият таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла иброз намуданд, ки «бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати мамлакат пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».

Ин пешниҳоди Сарвари давлат хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд. Инчунин имкон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардад ва муҳимтар аз ҳама, сатҳи вобастагии корхонаҳои саноатии мамлакат аз ашёи хоми воридотӣ паст карда шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 16, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид