«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар соҳили дарёи Сир ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар соҳили дарёи Сир ҳашари вилоятии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёну устодони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ фаъолона иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ҳашарчиён атрофи соҳилро аз партовҳо поккорӣ намуда, дар ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист саҳм гузоштанд.
Ҳадафи асосии иқдом — тоза нигоҳ доштани муҳити зист, таъмини тозагиву озодагӣ дар атрофи соҳили дарёи Сир ва ҷалби ҳарчи бештари сокинон, бахусус ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Иқдоми «Тозагии соҳил» яке аз ташаббусҳои муҳим дар самти дастгирии сиёсати давлатии экологӣ маҳсуб шуда, намунаи ибратбахши иштироки шаҳрвандон, хусусан насли наврасу ҷавон дар раванди созандагиву ободонӣ мебошад.
АКС: Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Исҳоқӣ








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






