Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 80-солагии муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхони Туғрали ноҳияи Айнӣ бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ таҳти унвони «Диёри арҷманди мо» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд, дар кори конференсия олимон, адабиётшиносон, шоирон, нависандагон, донишҷӯёну муҳаққиқон ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок менамоянд.
Зимни баргузории ҳамоиш, иштирокчиён доир ба зиндагинома, осори бадеӣ, саҳми Гулназар Келдӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, ташаккули тафаккури миллӣ, забон, ваҳдат ва ҳувияти фарҳангӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуда, нақши ин шоири маъруфро дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ арзёбӣ менамоянд.
Ҳадаф аз баргузор намудани ин конференсия арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз чеҳраҳои шинохта ва таъсиргузори адабиёти муосири тоҷик Гулназар Келдӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ)-ро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, сипас дар маҷаллаи «Садои Шарқ» идома медиҳад. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат кардааст. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият намудааст. Шоир дар гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.
Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз дар ҳудуди чил маҷмӯаи ашъори ӯ пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.
Гулназар Келдӣ ҳамчунин барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст.
Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






