ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
ДУШАНБЕ, 14.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим, биёбоншавии замин — эрозияи хок, шӯразанӣ, вайроншавии чарогоҳҳо ва фаромадани ярчу сел андешида мешавад, ин бунёди саксавулзор ва павловниязор мебошад. Аз ҷумла, айни замон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 250 гектар ва дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар майдони 70 гектар ниҳоли саксавул шинонда шудааст. Тибқи нақша, то соли 2027 дар ноҳияи Ашт майдони кишти он аз 350 гектар зиёд карда мешавад. Ҳамчунин дар мавсими ниҳолшинонии имсола бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар мамлакат дар 100 гектар павловния шинонда мешавад.
Саксавул аз дигар дарахтон чӣ бартарӣ дорад?
Саксавул як намуди дарахтест, ки макони асосии он биёбон мебошад. Диаметри он ба 100 см баробар буда, баландиаш тақрибан 5-8 метр мебошад. Танҳо як буттаи саксавул ҳаракати 4 тонна ярч ва 10 метри мураббаъ қумро бозмедорад. Давомнокии миёнаи умри саксавул 50-60 сол аст. Дар зимистон саксавул барфро нигоҳ медорад, ки ин ба захирашавии оби зеризаминӣ, хусусан дар зимистони камбарф кумак мекунад. Бо нигоҳ доштани намӣ қобилияти нашъунамои рустаниҳои дигарро низ зиёд менамояд.
Тибқи иттилои коршиносон, қатори ниҳолҳои саксавули яксола суръати шамолро 20,5, дусола 34,6 ва панҷсола 87,4 дарсад коҳиш медиҳад. Дарахти саксавул хокро аз бодхӯрдашавӣ муҳофизат мекунад, тӯфонҳои хоку региро бозмедорад, ҳаракати намакҳоро пешгирӣ намуда, тавозуни экологиро нигоҳ медорад.
Ҳамчунин дарахти саксавулро дар саноати чӯбу тахта васеъ истифода мебаранд. Чӯби зич ва мустаҳками он барои истеҳсоли мебел, дару тиреза ва дигар маҳсулоти чӯбӣ мувофиқ мебошад. Баргҳо ва шохаҳои он моддаҳои органикии хокро ғанӣ гардонда, ҳосилнокии онро бо мурури замон зиёд мекунад. Баргҳо ва шохаҳои хурди он серғизо мебошанд ва аксар вақт ҳамчун хӯрок барои ҳайвонот истифода мешаванд.
Павловния хокро солим нигоҳ дошта, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ мусоидат менамояд
Дар мавсими ниҳолшинонии имсола бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар мамлакат дар 100 гектар павлония шинонда мешавад. Барнома бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан барои беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст.
Ба андешаи олимони тоҷик, парвариши ниҳоли павловния хокро аз бодхӯрдашавӣ ҳифз намуда, ҳаворо тоза мекунад. Як дарахти павловния метавонад соле 22 кило гази карбонатро фурӯ бурда, 6 кило оксиген ҷудо намояд. Майдони 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро азхуд намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.
Дар ҳоле ки сол то сол дар ҷумҳурӣ миқдори хокбориш зиёд шуда истодааст, бо бунёди боғҳои павловния метавон ҳавои шаҳрҳоро тозаю беғубор нигоҳ дошт. Ниҳоли дарахти павловния зудрушдёбанда буда, соле то 3-5 метр қад мекашад. Баъд аз буридан ба зудӣ барқарор шуда, то 70 — 100 сол нашъунамо менамояд. Диаметри танаи он ба як метр ва қадаш вобаста ба шароит то 28 — 30 метр мерасад. Ба хок чандон серталаб набуда, дар заминҳои камоб низ мерӯяд. Аммо дар заминҳои хокашон ғизоноку сернам зудтар қад мекашад. Як гектари он дар соли сеюм то 100 тонна биомасса медиҳад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 114,3 фоиз иҷро гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати электронии Роҳи абрешим иштирок намуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба танзими нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ҷаласаи Ситоди доимӣ доир шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд
Дар Шанхай масъалаи таъсиси кластери саноатии металлҳои ранга дар вилояти Суғд баррасӣ шуд
Ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтаанд
Байни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Суғд ва Ботканд густариш меёбад
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 17 миллиард сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид






