Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?

Март 24, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон 10 рӯз таътили баҳорӣ муқаррар шудааст. Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил мутахассисон ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳоро тавсия медиҳанд?

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазорати маориф ва илм барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ба хонандагон тавсия медиҳанд, ки дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавиашонро васеъ намоянд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси соҳа, директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии ‎созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби ‎Тоҷикистон» Зафари Шариф иброз намуд, ки барои бедории насли наврас ва ба назар гирифтани равандҳои замони муосир ҷавононро зарур аст, ки дар баробари омӯзиши илмҳои дақиқ инчунин китобҳои бадеиву таърихиеро мутолиа намоянд, ки барои худшиносӣ ва худогоҳии миллии онҳо хеле зарур бошанд.

«Тақдими ройгони китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ аз корҳои наҷиби Пешвои миллат мебошанд. Бояд иброз намуд, ки давоми таърих ин ду китоби безавол – «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» дар пойдории забону фарҳанг, асолати миллӣ, қаҳрамонию паҳлавонӣ, дифоъ аз марзу буми муқаддаси ватан хеле нақши барҷаста гузоштаанд. Баъд аз туҳфа намудани китоби «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» аз ҷониби Роҳбари давлат озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва «Шоҳномахонӣ» ба роҳ монда шуданд, ки ин ташаббуси наҷиби Пешвои миллат мебошад. Ин озмунҳо ҷомеаро ба самти китобхониву китобдӯстӣ ҳидоят мекунанд, дар ташаккули маънавии мардум, аз ҷумла насли наврас таъсири хеле калон мегузоранд. Озмунҳои мазкур ва дигар озмунҳо оид ба мутолиаи китоб зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд», -афзуд мутахассиси соҳаи китобдорӣ Зафари Шариф.

Ба иттилои ҳамсуҳбат, «Шоҳнома»- и устод Абулқосим Фирдавсӣ беҳтарин асари ҳамосӣ ва қаҳрамонӣ мебошад. Дар «Шоҳнома» дар баробари инъикоси масоили ватандӯстӣ инчунин таърихи куҳани тоҷикон гуфта мешавад, ки дар замони муосир ва бархурди тамаддунҳо мутолиаи ин шоҳасар барои насли ҷавон хеле зарур аст. Қаҳрамонию паҳлавонӣ масъалаҳои зарурии замони муосир мебошанд, ки дар «Шоҳнома» хеле таъсирнок тасвир шудаанд. Минҷумла дар худи «Шоҳнома» гуфта мешавад, ки:

Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Мутахассис иброз намуд, ки аз осори классикон садҳо асарро метавон номбар кард, ки аз «Шоҳнома» кам нестанд. Масалан, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ашъори Ҳофизу Бедил, Ҳилоливу Носири Хусрав, Камоли Хуҷандию Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва садҳо адибони забардасти классикро метавон номбар кард, ки хазина ва баҳри беканоранд ва барои тарбия, худшиносӣ ва хушбахтии башарият офарида шудаанд.

«Адабиёти муосири тоҷик низ ганҷи беканор мебошад. Аз устод Айнӣ сар карда, то шоирону нависандагони имрӯз осори гаронбаҳое эҷод кардаанд. Аз адибони муосир «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр»-устод Садриддин Айнӣ, «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷалол Икромӣ, «Дӯстон тоҷи сар»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, «Се рӯзи як баҳор» ва «Барф ҳам мегузарад»-и Саттор Турсун, «Дар орзуи падар»-и Кроматулло Мирзоев ва даҳҳо нависандагони муосири тоҷик барои тарбия ва баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ниҳоят зарур мебошанд. Хондани ашъори шоирони муосир, аз қабили Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва асарҳои дигар низ барои заковатманд шудани ҷавонон тавсия дода мешавад», -иброз дошт мутахассиси соҳаи китобдорӣ.

Бояд гуфт, ки китобу китобхонӣ инсонро ба саодат мерасонад ва ҷомеаро аз торикию ҷаҳолат наҷот мебахшад. Он барои боз ҳам пешрафта шудани Ватани азизамон- Тоҷикистон замина фароҳам меорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони ноҳияи Данғара дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 18 медал ба даст оварданд
Хонандаи Гимназияи хусусии «Кафолат» дар Олимпиадаи байналмилалаии JEO, SEO – 2026 сазовори медали тилло гардид
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ ИЛМӢ. Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон созишнома ба имзо расониданд
GREEN.DIGITAL.SMART. Донишгоҳҳои «сабз» заминаи устувори дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро таъмин менамоянд
Ҷаласаи кории ситоди даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар шаҳри Бохтар маркази «eKhonish» ифтитоҳ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ–Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ҳисор бо маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ кӯдакистон бунёд мегардад
Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд
Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад