Ташаббусе, ки аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарчашма мегирад

Июль 19, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи тамаддуни башарият мафҳуми сулҳ ҳамеша ҳамчун олитарин арзиши иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ арзёбӣ гардидааст. Агар адолат пояи давлатдорӣ бошад, сулҳ шарти ҳастии давлат, ҷомеа ва инсоният мебошад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҳеҷ давлате бе сулҳу субот наметавонад рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангиро таъмин намояд. Аз ин рӯ, сулҳ муҳити мусоиди ҳамзистӣ, эътимод, таҳаммулпазирӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шарти асосии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.

— Дар оғози асри XXI инсоният ба марҳалаи нави таҳаввулоти сиёсиву геополитикӣ ворид гардид. Баробари пешрафти бесобиқаи илм, технология ва иқтисоди рақамӣ ҷаҳон бо таҳдидҳои нав низ рӯ ба рӯ шуд. Низоъҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, буҳронҳои озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои табиӣ ва рақобатҳои шадиди геосиёсӣ ба муҳимтарин омилҳои халалдоркунандаи суботи байналмилалӣ мубаддал гардидаанд.

Таҳлилгарон бар он назаранд, ки низоми ҷаҳонӣ дар марҳалаи бозсозии сиёсӣ қарор дорад. Афзоиши рақобати абарқудратҳо, заифшавии баъзе институтҳои байналмилалӣ ва сар задани низоъҳои нав нишон медиҳанд, ки масъалаи таҳкими сулҳи пойдор аз ҳар вақти дигар муҳимтар гардидааст. Дар чунин вазъият ҷомеаи байналмилалӣ ба ташаббусҳои нави созанда ниёз дорад, ки тавонанд давлатҳоро дар атрофи арзишҳои умумибашарӣ муттаҳид намоянд. Маҳз дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси нави байналмилалиро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» пешниҳод намуд. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳпарваронаи Тоҷикистон мебошад, ки давоми зиёда аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ пайгирона татбиқ мегардад.

Аҳамияти ин ташаббус дар он аст, ки он таҷассумгари таҷрибаи таърихии давлатест, ки худ яке аз вазнинтарин низоъҳои дохилиро паси сар намуда, тавонист бо роҳи муколама, созиш ва ваҳдати миллӣ сулҳу суботро барқарор созад. Аз ин рӯ, пешниҳоди Тоҷикистон на аз мавқеи назариявӣ, балки аз таҷрибаи амалии сулҳофаринӣ сарчашма мегирад. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» рӯйдоди муҳими таърихӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ин санади муҳим мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу ҳамкорӣ боз ҳам таҳким бахшид.

Ҷиҳати дигаре, ки аҳамияти хоси сиёсиву маънавӣ дорад, замони қабули ин қатънома мебошад. Қатънома маҳз дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қабул гардид. Ин ҳамзамонӣ хусусияти рамзӣ дорад, зеро таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ба мактаби эътирофшудаи сулҳофаринӣ табдил ёфтааст. Ваҳдати миллӣ, ки 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон заминаи устувори сиёсӣ ва иҷтимоӣ фароҳам овард. Сулҳи тоҷикон имрӯз ба таҷрибаи омӯзишии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Муҳаққиқони соҳаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ арзёбӣ менамоянд. Маҳз ҳамин таҷриба Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои фаъол дар масъалаҳои таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ табдил додааст.

Дар меҳвари ин сиёсат нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо роҳбарии сиёсӣ ва иродаи устувори Сарвари давлат Тоҷикистон тавонист аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун омада, давлатдории навини худро бар пояи сулҳ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа бунёд намояд. Имрӯз ҳамин таҷриба ҳамчун сармояи маънавии миллат дар сиёсати хориҷии мамлакат таҷассум меёбад ва ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мазмуну муҳтавои воқеӣ мебахшад.

Дар таҳлили илмии таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим муайян намудани нақши шахсиятҳои сиёсӣ ва омилҳои субъективии таърихӣ мебошад. Дар ин замина фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз омилҳои калидии ба даст омадани сулҳ ва таъмини суботи минбаъдаи мамлакат мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор мегирад. Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон даврае фаро расид, ки масъалаи бақои давлат, ҳифзи истиқлолият ва таъмини ягонагии миллӣ ба масъалаи муҳимтарини сиёсӣ табдил ёфта буд. Дар чунин шароит зарурати интихоби роҳи дуруст, ки ба манфиатҳои тамоми миллат ҷавобгӯ бошад, ба миён омад. Роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ роҳи музокира, ҳамдигарфаҳмӣ ва созишро интихоб намуд, ки дар ниҳоят ба барқарор гардидани сулҳи комил оварда расонд.

Фарқи муҳими таҷрибаи Тоҷикистон аз бисёр равандҳои сулҳофаринии ҷаҳонӣ дар он аст, ки раванди истиқрори сулҳ дар ҷумҳурӣ бо такя ба иродаи дохилӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангиву таърихии ҷомеа амалӣ гардид. Дар маркази ин раванд ғояи «ваҳдати миллӣ» ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа қарор гирифт. Сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолият хусусияти фарогир пайдо намуд. Ин сиёсат танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ маҳдуд нашуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифт. Барқарорсозии иқтисоди миллӣ, бунёди инфрасохтор, рушди маорифу илм, ҳифзи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими худшиносии миллӣ ҳама ҷузъи раванди бузурги таҳкими сулҳу субот мебошанд.

Бояд гуфт, ки сулҳ ва пешрафт ду мафҳуми ба ҳам пайваст мебошанд. Ҷомеае, ки дар он сулҳу субот таъмин аст, метавонад захираҳои худро барои рушди иқтисодӣ, сармоягузорӣ ба маориф, технология ва беҳбуди иҷтимоӣ равона созад. Таҷрибаи Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки маҳз баъди барқарор гардидани сулҳ имконияти нави рушди миллӣ фароҳам омаданд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ масъалаи сулҳ ҳамчун яке аз самтҳои асосӣ муайян гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ пайваста аз мавқеи ҳалли мусолиматомези масъалаҳои байналмилалӣ, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва густариши ҳамкории созанда ҷонибдорӣ менамояд. Пешниҳоди ташаббуси Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда низ дар ҳамин замина қарор дорад. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон таҷрибаи миллии худро ҳамчун саҳми арзанда дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ пешниҳод менамояд. Давлате, ки худ аз роҳи душвори барқарорсозии сулҳ гузаштааст, имрӯз ба ҷомеаи байналмилалӣ паёми муҳими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро мерасонад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин унсурҳои суботи давлат ва ҷомеа арзёбӣ мешавад. Ваҳдат ҳамдигарпазирӣ, эҳтироми арзишҳои умумӣ, ҳисси масъулияти муштарак барои ояндаи давлат ва эътимоди байниҳамдигариро ифода менамояд. Барои Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ маънои махсуси таърихӣ дорад. Он натиҷаи талошҳои пайваста барои барқарор намудани сулҳ, аз байн бурдани ихтилофҳо ва эҷоди муҳити ягонаи миллӣ мебошад. Имрӯз Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои бунёдии давлатдории тоҷикон табдил ёфта, ҳамчун омили муҳими пешрафти ҷомеа хизмат мекунад.

Таҷрибаи Тоҷикистон собит намуд, ки сулҳи ҳақиқӣ танҳо бо имзои созишномаҳо маҳдуд намешавад. Барои нигоҳ доштани он зарур аст, ки дар ҷомеа фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳамдигар ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул ёбад. Бинобар ин тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои сулҳ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ қобили гуфтан аст. Ҳизб ҳамчун неруи сиёсии ҷонибдори давлатдории миллӣ дар барномаҳо ва фаъолияти амалии худ масъалаҳои таҳкими ваҳдат, ҳифзи сулҳ, рушди иҷтимоӣ ва тарбияи сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои асосӣ медонад. Маҳз ҳамин ҳамоҳангии арзишҳои умумимиллӣ бо ҳадафҳои ташаббуси Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда аҳамияти онро бештар месозад. Зеро сулҳи устувор танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки ҷомеа дорои тафаккури сулҳпарвар, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси ягонагии миллӣ бошад.

Яке аз самтҳои муҳими ин ташаббус таваҷҷуҳ ба насли ҷавон мебошад. Зеро ояндаи сулҳ аз ҷаҳонбинии наслҳое вобаста аст, ки дар шароити имрӯза тарбия меёбанд. Ҷавононе, ки бо дониш, фарҳанги муколама ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тарбия мешаванд, кафили суботи ояндаи ҷомеа мебошанд. Дар ин замина нақши фарҳанг, маориф ва илм низ хеле муҳим аст. Муассисаҳои таълимӣ бояд ҳамчун марказҳои ташаккули фарҳанги сулҳ фаъолият намоянд. Омӯзиши таърих, ҳуқуқи инсон, арзишҳои демократӣ, фарҳанги муошират ва эҳтироми гуногунандешӣ метавонад ба пешгирии тафаккури ифротӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат кунад. Тоҷикистон бо пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда бори дигар нишон дод, ки сиёсати сулҳпарварӣ барои ҷумҳурӣ қисми муҳими ҳувияти миллии он мебошад. Ин ташаббус таҷассуми таҷрибаи таърихӣ, иродаи сиёсӣ ва ормони миллии мардуми тоҷик барои зиндагӣ дар фазои сулҳу созандагӣ мебошад.

Хулоса, сулҳ бузургтарин неъмати инсоният ва асоси пешрафти ҳар давлат мебошад. Таърихи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки ҳатто ҷомеае, ки бо мушкилоти сангини дохилӣ рӯ ба рӯ шудааст, метавонад бо роҳи муколама, таҳаммулпазирӣ ва иродаи созанда ба сулҳу ваҳдат ноил гардад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз аҳамияти фаротар аз ҳудуди миллӣ пайдо кардааст. Он намунаи он аст, ки ҳалли низоъҳо бо роҳи гуфтушунид ва эҳтироми манфиатҳои умумӣ имконпазир мебошад. Ин ташаббус идомаи мантиқии ҳамин роҳи таърихӣ мебошад. Он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки барои ҳифзи сулҳ, тарбияи насли сулҳпарвар ва эҷоди муҳити бехатари зиндагӣ барои ояндагон масъулияти бештар ба зимма гиранд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷонибдори сулҳ ва ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро боз ҳам устувор менамояд. Сулҳ барои Тоҷикистон танҳо ҳадафи сиёсӣ нест, он арзиши миллӣ, таҷрибаи таърихӣ ва паёми созанда ба тамоми башарият мебошад.

Фирӯз ҲАИТОВ,
мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 19, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конференсия ва роҳпаймоии сулҳ баргузор гардид
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Талошҳои Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва пешбурди дипломатияи сулҳофарӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ назаррасанд
СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН – ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Ҷаҳон дар талоши сулҳи пойдор ва фалсафаи «ман ба Шумо сулҳ меорам!»-и Президенти Тоҷикистон
ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ