Оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир шуд

Август 27, 2026 08:26

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва масъалаҳои муосири эволютсияи криосфера: ҷанбаҳои илмӣ-стратегӣ ва геополитикии амнияти экологӣ» конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конфронс ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034» бахшида шуд. Ҳадафи асосии он муттаҳид намудани талошҳои мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ, шарикони рушд барои баррасии мушкилот ва дурнамои муосир дар самти ҳифзи пиряхҳо ва оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим буд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки конфронси имрӯза барои рушди ҳамкории сиёсӣ, илмӣ ва таҳқиқотӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Имрӯз мо дар шароите қарор дорем, ки таъсири тағйирёбии иқлим дигар танҳо мавзуи пешгӯиҳои илмӣ барои оянда нест, балки ба воқеияти ҳаррӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Босуръат обшавии пиряхҳо дар минтақаи мо тибқи арзёбиҳои мавҷуда қариб се маротиба аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ зиёд мебошад. Ин раванд танҳо мушкилоти экологӣ набуда, ба амнияти обӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии давлатҳои минтақа таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Иброз шуд, ки дар Тоҷикистон давоми сад соли охир қариб 30 фоизи пиряхҳо аз байн рафтаанд. Пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз калонтарин пиряхҳои континенталии ҷаҳон ба ҳисоб меравад, давоми 70–80 соли охир зиёда аз як километр ақибнишинӣ намуда, тақрибан 44 километри мураббаъ масоҳаташро аз даст додааст. Тибқи мушоҳидаҳои соли равон, тақрибан 8,2 километр қисми забонаи пирях пурра бо ҷинсҳои кӯҳӣ пӯшонида шуда, дар он тарқишҳо ва кӯлҳои пиряхии ҳаҷман гуногун ба вуҷуд омадаанд. Ин вазъияти нигаронкунанда зарурати таҳкими низомҳои мониторинг, рушди механизмҳои огоҳкунии барвақтӣ ва густариши ҳамкории миллӣ ва байналмилалиро барои коҳиш додани чунин хатарҳо боз ҳам равшантар менамояд. Дар чунин шароит нақши мониторинги дақиқ, истифодаи технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкории фаромарзӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми зиёда аз ду даҳсола дар арсаи байналмилалӣ масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро пайгирона ва ҳадафмандона пешбарӣ менамояд. Бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ якчанд ташаббусҳои муҳими байналмилалиро дар ин самт қабул намудааст. Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», эълон гардидани солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал дар соҳаи илмҳои криосфера», инчунин қабули қатъномаи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумлаи чунин ташаббусҳои муҳим мебошанд.

«Имрӯз мо бо қаноатмандӣ мушоҳида менамоем, ки ҳамкории минтақавӣ дар самти мониторинг ва ҳифзи криосфера тадриҷан тақвият меёбад. Аз ҷумла, барномаи минтақавии «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон», ки бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд ва Фонди иқлими сабз амалӣ мегардад, намунаи муҳими ҳамгироии илм, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастгирии ҷомеаҳои осебпазир мебошад. Дар чунин шароит вазифаи мо на танҳо муҳокимаи мушкилоти мавҷуда, балки гузариш ба амалҳои мушаххас ва ҳамоҳангшуда мебошад»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

Дар ҳамоиш раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Амирзода гуфт, ки барои Тоҷикистон, ки қисми зиёди ҳудудашро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, ҳифзи пиряхҳо аҳаммияти махсуси экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Солҳои охир дар Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи байналмилалии обу иқлим табдил гардидааст. Дар ин раванд таъмини рушди қонунгузории миллӣ нақши калидӣ дорад, зеро амалигардонии ҳадафҳои нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо танҳо дар мавриди мавҷуд будани заминаи устувори ҳуқуқӣ метавонад ба тадбирҳои мушаххаси миллӣ табдил ёбад.

Ориф Амирзода таъкид намуд, ки 30 июни соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар он дар умум 17 қонуни амалкунанда, аз ҷумла Қонун «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» низ муттаҳид карда шуда, масъалаҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар он дарҷ гардидааст. Ҳамзамон боби алоҳидаи 33 лоиҳаи кодекс масъалаҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо, танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо, гузаронидани мониторинг ва таҳқиқотии илмӣ ва истифодаи натиҷаи он, инчунин таъсиси махзани маълумотро доир ба пиряхҳо пешбинӣ намуда, дар доираи танзими ҳуқуқӣ ворид шудааст.

Дар конфронс инчунин намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Тоҷикистон сухан намуданд.

«Нақши сиёсати давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи пиряхҳо, рушди мактаби илмии пиряхшиносии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи байналмиллалии ҷумҳурӣ», «Нақши пиряхҳо дар сарчашмагирии обҳои ҳавзаи баҳри Арал: муаммоҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳал», «Натиҷаи амсилаҳои пешгӯии иқлимии Осиёи Марказӣ», «Ташабусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим», «35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон: нақши занони олим дар ташаккули рӯзномаи иқлимии Осиёи Марказӣ тавассути таҳқиқоти пиряхҳо» аз ҷумлаи мавзуъҳое буданд, ки аз ҷониби олимону ходимони Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера, Маркази яхшиносӣ ва Донишгоҳи миллӣ доир ба онҳо маърузаҳо пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар таъмини захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта, дар қаламрави мамлакат қисми зиёди захираҳои обии минтақа ташаккул меёбанд. Манбаи асосии онҳо пиряхҳо ва пӯшиши қабати барфи мавсимӣ мебошанд. Дар чунин шароит рушди низоми муосири мониторинги омӯзиши пиряхҳо, такмили шабакаи мушоҳидавӣ, амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, мониторинг ва пешгӯӣ, инчунин густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти криосфера аҳаммияти махсусро касб менамояд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 27, 2026 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид
Доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар Ҳисор ҳамоиш баргузор шуд
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Ташаббусе, ки аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарчашма мегирад
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конференсия ва роҳпаймоии сулҳ баргузор гардид
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид