Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Ҷоизаи байналмилалӣ тақдир намуд

Май 31, 2018 16:09

ДУШАНБЕ, 31.05.2018./АМИТ «Ховар»/.Ташкилоти Умиҷаҳонии  Тандурустӣ (ТУТ) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

Ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ рӯзи 31-уми май – дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии  ин ташкилот ном бурдааст.

Дар баёнияи  ТУТ  омадааст, ки раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо  аз самтҳои асосии  сиёсати худ  қарор дод ва бо ташаббуси вай 2 январи имсол қонуне қабул шуд, ки кашидани тамоку дар  ҷойҳои ҷамъиятиро  манъ мекунад.

Тибқи ин қонун кашидани сигор ва нос дар тамоми  ҷойҳои ҷамъиятӣ  ба истиснои ҷойҳои таъйиншуда мамнӯъ аст. Рекламаи тамоку низ иҷозат нест. Теъдоди дақиқи сигору носкашҳо дар Тоҷикистон маълум нест ва садҳо ҳазор нафар ҳастанд, ки ба сигору нос одат кардаанд.

Дар баробари  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  32 нафари дигар барои саҳмашон дар амри коҳиши истифодаи тамоку ё андешидани чораҳо барои маҳдуд кардани истеъмоли он барандагони ҷоизаи  Ташкилоти Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ шудаанд.

Май 31, 2018 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии аъзои Комиссияи идоракунии лоиҳаи JDS иштирок намуд
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид