Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд

Октябрь 10, 2018 14:50

 ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё ба пойтахти кишварамон –шаҳри Душанбе баргашт. Ҳазорон нафар мухлисон ба ҳавои номусоиди боронӣ нигоҳ накарда, ба пешвози қаҳрамонҳо омада буданд. Садои карнаю сурнай ба фалак печид.

Президенти Федератсияи футболи мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дастоварди футболбозони навраси тоҷик ба ӯ мансубияти бештар дорад,  дар толори нави пешвозгирии фурудгоҳ футболбозонро истиқбол гирифт.

Сипас дар саҳни фурдгоҳ дар назди ҳазорон нафар мухлисон, ки бо нидоҳои “офарин-офарин” футболбозонро пешвоз гирифтанд, Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ суханронӣ карда, бори дигар футболбозонро бо медалҳои нуқра ва роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон -2019, ки дар Перу мегузарад, табрику муборакбод намуд.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  Зайниддин Раҳимов барои муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати омода кардани футболбозон ба бозиҳои Чемпионати Осиё ба роҳбарияти футболи кишвар изҳори минатдорӣ кард.

Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эмомалӣ Аҳмадхон низ дар назди ҳозирин сухан карда, ваъда дод, ки минбаъд баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва хосатан соли оянда дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон- дар Перу тамоми қувваю маҳоратро сарф менамоянд.

Маросими истиқболи футболбозон дар фурудгоҳ бо иҷрои суруди миллӣ ба поён расид ва футболбозон дар мусофиркаши махсуси орододашуда, ки шояд ягона дар Тоҷикистон бошад, бо меҳмонону иштирокдорони маросими истиқбол рӯ ба майдони Дӯстӣ оварданд.

Дар майдони Дӯстӣ футболбозони наврас дар ҳузури мухлисон  ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Ҳоло барандагони медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё бо мухлисону меҳмонон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе қарор доранд. Дар идомаи чорабиниҳо онҳоро консерти идона бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар ва тамошобинони сершумор интизоранд.

Октябрь 10, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд