Дар Душанбе ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид

Сентябрь 30, 2019 15:24

ДУШАНБЕ, 30.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пур аз ҳикмат аст ва дар он сухан аз одоб, аз ахлоқ,  аз илму фарҳанг ва ирфон гуфта шудааст. Ба ҳамин хотир осори ин мутафаккири бузурги тоҷик  дар гузашта, имрӯза ва оянда низ арзиши худро гум намекунад. Ин нукта  имрӯз зимни баргузории ҳамоиши илмию адабие, ки ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, таъкид шуд.

Ҳамоишро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод  Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, аҳли илмро бо зодрӯзи ин мутаффакири барҷаста табрик намуд.

Номбурда зикр кард, ки Мавлоно муаллими ахлоқ аст ва осори ӯ пур аз панду андарз ва ҳидояти инсонҳо сӯйи пиндору гуфтору кирдори нек аст. Олами тафаккури Мавлоно мисли уқёнуси бекарон аст ва барои шинохти ҷавҳари аслии таълимоти ин мутафаккир осори ӯро амиқтар бояд таҳқиқ кард.

Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон ва донишмандон атрофи шахсият, осор, тафаккур ва паҳлуҳои таҳқиқнашудаи эҷодиёти Мавлоно андешаҳояшонро баён карданд.

Онҳо таъкид доштанд, ки дар ҷаҳони муосир-замони бархӯрди тамаддунҳо андешаҳои орифона ва таълимоти дар асоси арзишҳое, чун таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ бунёдёфтаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳарвақта бештар муҳимият пайдо намудаанд.

Аз ҷумла, адабиётшинос, профессор Абдунабӣ Сатторзода иброз намуд, ки мардуми тоҷик бо осору афкори Мавлоно аз замонҳои пеш шинос буданд, вале шинохти бисёр хубу дақиқи мардуми тоҷик аз осору афкори ӯ дар солҳои соҳибистиқлолӣ шурӯъ гардид. Дар ин замина дар Тоҷикистон таҳқиқоти зиёд анҷом гирифтанд. Инчунин дар ин давра китобҳои Мавлоно ба хати кирилӣ нашр гардиданд.

Соли 2008 бо ташаббуси Сарвари  давлат дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки ба ин муносибат корҳои зиёде амалӣ гардиданд.

«Солҳои охир шӯҳрати Мавлоно дар Ғарб хеле боло рафт. Аз ҷумла, осори Мавлоно аз пурхонандатарин ва серхаридортарин дар Америка ба ҳисоб меравад.  Ҳарчанд дар Тоҷикистон ва хориҷ атрофи осори ин мутафаккири бузург бисёр корҳо ба сомон расонида шуда бошанд ҳам, вале  он то имрӯз пурра омӯхта нашудааст»,-илова намуд адабиётшинос А. Сатторзода.

Ба андешаи номбурда, ҳар як хонандаи тоҷик бояд аз осори Мавлоно баҳра бигирад. Зеро осори Мавлоно як баҳри азимест, ки барои тамоми мардуми дунё, сарфи назар аз пӯсту забону мазҳаб офарида шудааст.

Дар ҷараёни ҳамоиши илмию фарҳангӣ ҳунармандони маҳбуби кишвар Файзалӣ Ҳасанов, Озодабону Ашӯрова, Ҳуршед Раҳимов ва Ортиқи Қодир аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сурудҳо ва  шеърҳо қироат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамоиш бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии Академияи илмҳо баргузор гардида, дар он олимону муҳаққиқон, магистрантон ва аспирантон, ҳунармандон, инчунин ҳаводорони осори ин мутафаккири барҷаста иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2007 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 30 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад.

Сентябрь 30, 2019 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург сухан гуфтанд
АМИТ «Ховар» бо Агентии давлатии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Темурмалик кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис дода шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик баргузор гардид
Агентиҳои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Панҷакент Боғи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон барои ҳунармандони истеҳсолкунандаи армуғон озмун эълон гардид
Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим дар Душанбе баррасӣ шуд
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» санҷиши видеоии ҳунарпешаҳоро барои ин филм оғоз намуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба ҳунарҳои мардумӣ намоиш баргузор мегардад