Нашри китоби нави Соҳиб Табаров
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Нашриёти «Дониш» китоби нави адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаровро бо номи «Пайрав Сулаймонӣ. Очерки ҳаёт ва эҷодиёт» ба нашр расонид. Дар ин китоб зиндагиномаи Пайрав оварда шуда, ҳамчунин осори ӯ нақду баррасӣ шудааст.