Андешаи олимон доир ба илми тоҷик

Апрель 12, 2016 17:03

Душанбе, 12.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар кишвар 12-уми апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад. Дар ин рӯз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди илмӣ роҳандозӣ мекунад.
Имрӯз Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илмро чун яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва давлатамон арзёбӣ намудааст ва кӯмаки ҳамарӯзаи Ҳукуматро олимони мо пайваста эҳсос мекунанд. Бо афзуншавии маблағгузории соҳаи илм дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки соҳаи тадқиқоти илмӣ низ рӯз то рӯз зиёд мегарданд. Мақсади асосии олимони тоҷик ин аст, ки оид ба тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тадқиқот баранд. Ин тадқиқот бояд аввалан ба вазорату идораҳои дахлдор ва баъдан ба тамоми қишрҳои ҷомеа расонида шаванд ва дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат, сиёсати Пешвои миллат, ки як сиёсати созанда ва бунёдкоронаю илмпарварона аст, саҳми назаррас гузорад.
«Дар Рӯзи илм чун анъана олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлӯҳои дастовардҳо, самтҳои тадқиқоти илмӣ, фаъолияти илмӣ ва дурнамои илмро дар кишвар баррасӣ хоҳанд кард»,- гуфт президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ.
Ба андешаи Ф. Раҳимӣ, имрӯз дар тамоми самтҳои илм, аз ҷумла дар самти илмҳои табиатшиносӣ, биология, илмҳои ҷомеашиносӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома доранд ва ҳоло барои рушди илм, махсусан дар соҳаҳои астрофизика ва физика, бахусус физикаи нурҳои кайҳонӣ имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд. «Мо яке аз беҳтарин дастгоҳҳоро дар ҷаҳон дорем, дар баландии 4370 метр аз сатҳи баҳр дар Мурғоб пойгоҳи омӯзиши нурҳои кайҳонӣ дорем, мо аз нигоҳи оптикӣ дорои расадхонаи беҳтарин ҳастем, ки метавонем ҷирмҳои осмониро мушоҳида кунем»,-изҳор намуд Ф. Раҳимӣ.
Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика пояи меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти илмиро дар сатҳи хуб арзёбӣ намуда, гуфт: «Фаъолияти илми инноватсионӣ дар даврони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монда шудааст ва зина ба зина дар кишвар дар соҳаи илм комёбиҳои назаррас ба даст оварда мешаванд. Қабл аз ҳама, пояи меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти илми инноватсионӣ хеле таҳким ёфта, бо ин мақсад соли 1998 бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» қабул гардид, ба он солҳои 2007, 2008, 2013 тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шуданд ва 18 марти соли 2015 ин қонун дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Ба тарбияи кадрҳои илми педагогӣ низ дар ин давра таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 1835 нафар номзадҳо, 226 нафар докторони илм фаъолият дошта бошанд, пас имрӯз шумораи онҳо мутаносибан ба 2594 нафар номзади илм ва 549 нафар доктори илм расидааст. Сафи номзадҳои илм 30 дарсад ва докторони илм қариб ду маротиба зиёд шудааст.
Абдусаттор Нуралиев, профессори кафедраи таърих ва назарияи журналистикаи Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон илми имрӯзаи тоҷикро пешрав хонда, чунин ақида дорад: « Илм имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо пешрав аст. Имрӯз теъдоди мактабҳои олии мо хеле зиёд аст. Теъдоди олимон низ хеле афзудааст. Хурсандиовар аст, ки ҳоло ба илм бештар ҷавонон ҷалб мешаванд. Ҳоло дар кишварамон ду шӯрои дифоъ амал мекунад».
Ҷалби ҷавонон ба илмро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ аз масъалаҳои асосии академия дониста, иброз дошт, ки бо ин мақсад онҳо ду сол қабл дар сохтори АИ ҶТ бори аввал магистратура таъсис доданд ва ҳоло дар магистратураи АИ ҶТ 250 нафар ҷавонон ба омӯзиш ва пажӯҳиш машғул ҳастанд. Гузашта аз ин 300 нафар ҷавон дар аспирантура ва дар зинаи унвонҷӯӣ ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ машғуланд.
Ба андешаи Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва раиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мардуми тоҷик илмпарвару фарҳангпарваранд: «Мардуми тоҷик аз ибтидои таърих илмпарвару фарҳангпарвар буданд. Тоҷикон ба фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ донишмандони бузургеро, чун Ғаззолӣ, Сино, Хайём, Насриддини Тӯсӣ ва чандин тани дигар додаанд. Дар гузашта илми тоҷик илми қомусӣ буд, яъне олимони тоҷик дар чандин ҷабҳаҳои илм муваффақ буданд. Масалан Сино на танҳо ҳамчун табиб машҳур аст, балки ақидаҳои фалсафӣ ва мантиқии ӯ низ мавриди омӯзишу таҳқиқ ҳастанд. Китоби машҳури Сино «Ал-Қонун» дар гузашта ҳамчун китоби рӯимизӣ ё худ китоби таълимии табибон маҳсуб мешуд ва аксари кишварҳои ғарбӣ аз рӯйи он таълим мегирифтанд. Ба ҳамин монанд агар ба гузаштаамон нигоҳ кунем, хеле олимоне буданд, ки ба фарҳангу илми ҷаҳонӣ таҳқиқоти худро ворид карда, онро бой гардонидаанд».
Бояд зикр кард, ки ҳамасола дар Тоҷикистон моҳи апрел ба моҳи илм табдил меёбад. Дар ҳамаи муассисаҳои илмию таълимӣ вобаста ба ин рӯз чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм таваҷҷуҳи зиёд дорад ва он шароитҳое, ки имрӯз Ҳукумати кишвар фароҳам овардааст, имкон медиҳанд, ки ҷавонони мо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба омӯзиш ва таҳқиқи пайваста машғул бошанд.

Апрель 12, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни «Тоҷикфилм» ва «Сарез Сармоя» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҳияи филми мустанади «Сарез» имзо шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир мешавад
Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»
Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад