Абдулло Абдулло барои иштирок дар маросими расмии татбиқи Лоиҳаи «СASA-1000» вориди Душанбе шуд
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло имрӯз ҷиҳати иштирок дар маросими расмии татбиқи Лоиҳаи «СASA-1000» вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд. Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» меҳмони олимақомро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ