Барои кормандони Раёсати АНМН дар вилояти Суғд машваратҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 20 октябри соли 2016 дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Панҷакент бо дастгирии молиявии намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар асоси бандҳои дахлдори Гурӯҳи байналмилалии корӣ (МРГ) машваратҳои омӯзишӣ барои кормандони Раёсат баргузор мегарданд.
Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар доираи семинар 48 нафар кормандони Раёсати Агентӣ таҳти роҳбарии собиқадорон ва омӯзгорони Маркази таълимии Агентӣ аз рӯи машғулиятҳои фаврӣ ва тактикии гуногун дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омӯзиш мегиранд.








Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён






