Истиқболи Соли ҷавонон бо баргузории амалиёти ниҳолшинонӣ
ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғи назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохтор амалиёти ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» баргузор гардид.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.
«Амалиёти ниҳолшинонӣ дар доираи тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар кишвар сурат гирифт»,- иттилоъ дод манбаъ.
Боиси тазаккур аст, ки масъулини дастгоҳи марказии Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ таҳти шиори «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» бо ҷалби доираи васеи наврасону ҷавонон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар амалиёти мазкурро доир намуда, дар сарсабзу хуррам гардонидани Тоҷикистон саҳм мегузоранд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид






