Абӯабдулло Рӯдакӣ: «Рӯза ба поён расиду омада навъид…»

Июнь 26, 2017 08:04

ДУШАНБЕ, 26.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯза яке аз фароиз ва дастуроти ислом буда, дар худ одоб ва қонуниятҳои хос дорад, ки ҳар мусалмони болиғ ва оқил бояд аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб бо нияти ба ҷо овардани фармони Парвардигор аз аъмоли ботилкунандаи рӯза худдорӣ намояд. Далели ин гуфтаҳо сухани Паёмбари акрам (с) мебошад: «Ҳар кас рӯзаи моҳи Рамазонро хос барои ризои Худованд ва бо мақсади ба даст овардани аҷру савоб мегирад, тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд».

26 майи ҳамин сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон чунин иброз намуданд: «Барои пайравони дину мазҳабҳои гуногун, бахусус, дини мубини ислом рӯзадорӣ ифодаи ғолибияти рӯҳ бар ҷисм ва худдориву парҳез кардан аз амалҳои зишт мебошад. Рӯза илова ба тақвияти ирода, инсонро ба ростқавливу накӯкорӣ ва умуман анҷом додани амалҳои писандида раҳнамоӣ мекунад».

Аз ин лиҳоз, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, ки яке аз аркони дини мубини ислом мебошад, тарзи мукаммали парҳезкорӣ шуморида мешавад. Дар бораи сифатҳои моҳи рӯзадорӣ дар осору ашъори адибони классикамон бисёр вомехӯрем.

Омадани мавсими рӯзадорӣ ва моҳи Рамазон аз ҳама бештар дар «Девони Шамси Табрезӣ» бо тафсилоти тамоми ҷузъиёташ содаву равон ва самимона баён шудааст:

Муборак бод омад моҳи рӯза,

Раҳат хуш бод, эй ҳамроҳи рӯза.

Шудам бар бом то туро бубинем,

Ки будам ман ба ҷон дилхоҳи рӯза.

Назар кардам кӯлоҳ аз сар бияфтод,

Сарамро маст кард он шоҳи рӯза.

Мусалмонон, сарам маст аст аз он рӯз,

Зиҳӣ иқболу бахту ҷоҳи рӯза.

Дуоҳо андар ин маҳ мустаҷоб аст,

Фалакҳоро ба дарду оҳи рӯза.

 

Рамазон моҳи Худо ном дорад. Бетардид ин моҳи муборак дар зеҳни ҳар касе ба навъе ҷилвагар мегардад. Ба ибораи дигар, ҳеҷ мусулмонзодае нест, магар он ки дар зеҳни ӯ хотираҳое аз Рамазони муборак вуҷуд надошта бошад. Лаҳзаҳои фаро расидани ифтор, хоб мондан дар саҳар, маросими шаби қадр ва даҳҳо мавзӯъ ва масъалаҳое, ки дар атрофи Рамазон бавижагиҳои рӯзҳо ва шабҳояш падид меояд, дер боз то кунун дар зиндагии мардум вуҷуд дорад.

Рамазон моҳи рӯза ва моҳи нуҳуми қамарӣ байни моҳи шаъбон ва шаввол буда, дар луғат ба маънои гармии сахт ва шиддати тобиши хуршед меояд. Баъзе гӯянд Рамазон ба маънои санги гарм аст, ки пойи равандагонро месӯзонад. Шояд аз феъли “رمض” «рамаза» бошад, ки ба маънои сӯхтан, яъне сӯхтани гуноҳони рӯзадорон дар ин моҳи муборак мебошад. Дар истилоҳи шаръӣ вожаи Рамазон ба маънои дурӣ ҷустан аз хӯрдану ошомидан ва дигар амалҳо аз дамидани субҳ то ғуруби офтоб мебошад.

Дар Қуръони карим вожаи «рамазон» як бор ва вожаҳои «савм, сиём, соимин ва соимот» чаҳордаҳ бор омадааст. Рамазон дар худ фарҳан­ги бузург ва ибратомӯз дорад. Фарҳанги оганда аз ҳазорон маърифати отифию ахлоқӣ. Дар ин росто, шоирони бузурги ниёгони мо дар каломи мавзуни хеш ҷилваҳоеро аз ин фарҳанги бузург ба кор гирифтанд.

Агар тамоми шеъри шоирони ниёгонамонро ба назар бигирем, шояд ҳеҷ мазмуне дар иҳотаи мазҳаб ба андозаи рӯзаи моҳи мубораки Рамазон ва дигар мазомини марбут ба он, чун иди Фитр ва шабҳои қадр мавриди таваҷҷуҳи шоирон ва истифодаи онҳо қарор нагирифта бошад. Илова бар ин, мазмунсозӣ бо ин мафҳумҳо бисёр густурда буда, метавон қасидаҳоеро дар мадҳи рӯзҳои алоҳидаи ин моҳи шариф пайдо кард. Пояи илму адаб ва фарҳанги мардуми тоҷику форс пеш ва пас аз густариши ислом дар Мовароуннаҳру Хуросон дар раванди ташаккули мунтазам қарор дошт. Рушду пешрафт ва бунёди шеъру шоирӣ асосан баъди арҳои IХ дар ашъори бузургонамон, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Балхӣ ва дигарон дида мешавад. Устод Рӯдакӣ аз аввалин донишмандони барҷастаи илму адаби мардуми порситабор ба ҳисоб меравад, ки бинои шеърро дар адабиёти тоҷику форс барафрохтааст. Дар оинаи шеъри устод Рӯдакӣ вожаҳои рӯза, Рамазон, савм ва сиём инъикосгари моҳи мубораки Рамазон мебошанд ва ин бозтоб дар тамоми навъҳои шеърӣ, чун мадҳ, ғазал, рубоӣ, марсия ва дубайтӣ мушоҳида мешавад.

Рӯза ба поён расиду омад навъид
Ҳар рӯз бар осмон-т бодо мурво!

                             Рӯдакӣ

Рудаки

          Дар ин байти маликушшуаро “мурво” маънии “дуои хайр”-ро дорад.  Ва боз чанд байти дигар:

 

Ҳамон бар дили ҳар касе буда дӯст,

Намози шабу рӯза ойини ӯст.

                           Фирдавсӣ

 

***

Иди Қурбон ба рӯ муборак бод,

Ҳам бар он сон, ки буд иди сиём.

                              Фаррухӣ

***

Хуҷаставу муборак қудуми моҳи сиём,

Бар авлиё ва аҳиббои шаҳриёр ном.

                                Наззорӣ

 

Тавре зикр кардем, дар аксари ашъори шоирони бузургамон  вожаҳои савм, сиём, рӯза ва муродифоти дигари он дар мавридҳои муайян корбаст гардидаанд. Илова бар ин, Хоқонии Шервонӣ низ вожаҳои рӯза ва Рамазонро дар ашъораш васф карда, рӯзаро яке аз беҳтарин роҳҳои ғолиб омадан бар нафс ишора дониста аст:

Аз ҷисм беҳтарин ҳаракоте салоҳдон,

Ва-з нафс беҳтарин сукуноте сиёмдон.

                                           Хоқонӣ

Дар осори Шайх Саъдии Шерозӣ низ васфи моҳи шарифи Рамазону рӯзаи он ва қонуниятҳои дигари ин моҳи муборак мушоҳида мегардад. Шоир дар осори худ хаёлпардозӣ намуда, дидори рӯи дӯстро ҳамчу дидани моҳи иди Рамазон муборак мешуморад ва ӯ шодию нишоти иди фитрро дар дидори рӯи дӯст мебинад:

 

Ҳар киро хотир ба рӯи дӯст рағбат мекунад,

Пас парешонӣ биёяд бурданаш чун мӯйи дӯст.

Дигаронро ид  агар фардост, моро з-ин ду ҳаст,

Рӯзадорон рӯйи моҳ бинанду мо абрӯи дӯст.

                                               Саъдӣ

Бояд тазаккур дод, ки васфи мазмунҳои беҳтарин ва мафҳумҳои амиқ дар бораи моҳи шарифи рамазон ва рӯзадорӣ дар куллиёти Шамси Табрезӣ барҷаста баён гардидааст, зеро ӯ шӯридаи мактаби ирфон ва донандаи аҳкоми шариат буд ва пайванди ногусастанӣ доштани онҳоро хуб эҳсос мекард. Аз ин рӯ, бо омадани моҳи шарифи Рамазон, моҳи меъроҷи одамӣ, моҳи парвариши рӯҳ, моҳи буридан аз нону расидан ба ҷонон шоирро ба ваҷд меовард, ки чунин ба қалам додааст:

Моҳи Рамазон омад, эй ёри қамарси мо,

Барбанд сари суфра, бикшой раҳи боло,

Эй ёваи ҳарҷоӣ, вақт аст, ки бозойӣ,

Бингар суйи ҳалвое, то ки талабӣ ҳалво.

Мурғат зи хуру ҳайза мондаст дар ин байза,

Берун шав аз ин байза, то боз шавад парҳо.

Аз дард ба соф ойем в-аз соф ба қоф ойем,

К-аз қофи сиём эй ҷон, усфур  шавад анқо.

Бастем дари дӯзах, яъне тамаи хӯрдан,

Бикшой дари ҷаннат, яъне, ки дили равшан.

То суфраву нон бинӣ, кай ҷону ҷаҳон бинӣ

Рав ҷону ҷаҳонро ҷӯ, эй ҷону ҷаҳони ман.

                                Шамси Табрезӣ

Шамси Табрезӣ дар ғазали дигари худ Рамазонро мӯҷиби ислоҳи қалбҳо ва комил намудани имон, моҳи дурӣ ҷустан аз хоҳишоти нафс, моҳи сабр, моҳи нузули Қуръон ва пок сохтани рӯҳ хондааст. Дар баёни ӯ моҳи рӯзадорӣ санҷак (парчам)-и султон ва лашкари ба мисли сураҳои «Бақара», «Валъодиёт» ва «Валмуриёт» (аспони тездаванда ва оташбароранда) мебошанд:

Омада шаҳри сиём, санҷақи султон расид,

Даст бидор аз таом, моидаи ҷон расид.

Ҷон зи қатиатбир аст, дасти табиат бибаст.

Қалби залолат шикаст, лашкари имон расид.

Лашкари «валъодиёт» даст ба яғмо ниҳод,

З-оташи «валмуриёт» нафс ба афғон расид.

«Ал-бақара» рост буд, Мӯсии Имрон намуд,

Мурда аз ӯ зинда шуд, чунки ба қурбон расид.

Рӯза чуқурбони мост, зиндагии ҷони мост,

Тан ҳама қурбон кунем, чунки ба меҳмон расид.

Сабр чу абрест хуш, ҳикмате борад зи ӯ,

З-он ки чунин моҳи сабр буд, ки Қуръон расид.

Нафс чу муҳтоҷ шуд, рӯҳ ба меъроҷ шуд,

Чун дари зиндон шикаст, ҷон ба ҷонон расид.

Пардаи зулмат дарид, дил ба фалак бар парид,

Чун зи малак буд дил, боз ба эшон расид.

Дасту даҳонро бишӯ, наби хӯрӯ наби гӯ,

Он сухану луқмаҷӯ, к-он ба хамӯшон расид.

 

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ рӯзаро монанди модаре мепиндорад, ки каримона ба сӯи фарзандони хеш омадааст, пас набояд домони чунин модарро ба осонӣ аз даст дод:

 

Сӯйи атфол биомад ба карам модари рӯза,

Манеҳ, эй тифл, ба сустӣ тарафи чодари рӯза.

Бинигар рӯи зарифаш, бихӯрон шири латифаш,

Ба ҳамон кӯйи Ватан кун, бинишин бар дари рӯза.

Бинигар дасти ризоро, ки баҳорест Худоро,

Бинигар ҷаннати ҷонро шуда бар абҳари рӯза.

 

Лутфи сухани Мавлавӣ дар он аст, ки дар истифода аз мазомини шаръӣ ва аҳкоми ибодатӣ бо як эҳтироми хоса бархӯрд намуда, дар корбурди онҳо адаби шаръиро риоя кардааст, зеро маъшуқи Мавлавӣ маъшуқӣ ҳақиқӣ ва азалӣ аст ва ӯ ба тамоми фармонҳои маъшуқи худ итоат мекард:

Рӯза дорам ман, ифторам аз он лаъли лабаст,

Оре, ифтори рутаб дар рамазон мустаҳаб аст.

Рӯзи моҳи Рамазон зулф маяфшон, ки фақеҳ,

Бихӯрад рӯзаи худро ба гумонаш, ки шаб аст.

 

Девони шоири ориф ва ринд мазҳаби адабиёти тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ низ аз баракати моҳи Рамазон бебаҳра набуда, дар тамоми ашъори ӯ панҷ бор вожаи «рӯза», се бор «рамазон», ду бор “сиём»” ва як бор «рӯзадор» зикр шудааст. Корбурди ин вожаҳо тақрибан дар тамоми ғазалҳо яксон буда, шоир дар бештари онҳо ба омадани моҳи Рамазон, барчидани ҷоми май ва дидани моҳи ид ишора кардааст:

Рӯза яксу шуду ид омаду дилҳо бархост,

Май зи ғамхона ба ҷӯш омаду май бояд хост.

Тавбаи зуҳдфурӯшони гарон ҷон бигузашт,

Вақти риндию тараб кардани риндон пайдост.

 

Дар ғазали дигари худ Ҳофизи Шерозӣ аз поён ёфтани моҳи шарифи Рамазон ва баракати он сухан карда, аз фаро расидани давраи нави зиндагӣ ва айшу нишоти умр мужда медиҳад:

 

Соқӣ биёр бода, ки моҳи сиём рафт,

Дар деҳқадаҳ, ки мавсими ному суном рафт.

Вақти азиз рафт, биё то қазо кунем,

Умре, ки бе ҳузури суроҳиву ҷом рафт.

Дар тоби тавба чанд тавон сӯхт ҳамчу уд,

Май деҳ, ки умр дар сари савдои хом рафт.

 

Дар ҳақиқат ашъори бузургони ниёгонамон вобаста ба фарҳанги рӯзадорӣ саросар аз зебоӣ, ростқавлӣ, иффат, таҳаммулпазирӣ ва хислатҳои дигари инсонпарварӣ иборат буда, барои расидан ба камолоти инсонию башардӯстӣ таъсири амиқ мерасонанд. Ҳангоми омӯзишу баррасии ашъори ин бузургони адаб дар мавриди мадҳу тавсифи моҳи шарифи Рамазон ва дигар хусусиятҳои он тавсифи воқеъбинонаи зеҳнию хаёлӣ дида мешавад.

 

Шарифамоҳ ОДИНАЕВА,

Аҳтам БОБОСАФАРЗОДА,

коршиносони Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Июнь 26, 2017 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд