Имрӯз 4 июл, сешанбе, 185-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 180 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 4, 2017 11:51

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

4 июли соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшон баррасӣ шуда буданд.

***

4 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи кишвар оид ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом додданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили гуногуни вобаста ба муносиботи давлат ва дин, тамоюлҳои номатлуби динию мазҳабии халалдоркунандаи оромию субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию диниро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, доир ба ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷиддии мавҷуда пешниҳодҳои муфид ба миён гузоштанд.

4 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Югославия – Рӯзи мубориза барои озодӣ.

 ***

Дар Украина – Рӯзи коршиносони суд.

***

Дар Латвия – Рӯзи қурбониёни қатли ом.

 ***

Дар Багам – Рӯзи малика.

 ***

Дар Тонго – Рӯзи шоҳ.

РӮЙДОДҲО:

4 июли соли 1939 Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардидааст.

***

47 сол муқаддам, дар ин рӯзи соли  1970 Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки он имрӯз  ҳамчун   Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.

***

4 июли соли 1631 дар Париж аввалин маротиба Агентии шуғл- идораи суроғавӣ таъсис дода шудааст.

***

Имрӯзи соли 1997 дар Марс дастгоҳи Pathfinder-и Америка фуруд омадааст.

***

4 июли соли 2003 Туркманбошӣ пас аз хатми мактаби миёна якбора ба мактаби олӣ дохил шуданро манъ карда буд.

***

13 сол пеш, 4 июли соли 2004  Юнон аввалин маротиба Чемпиони Аврупо оид ба фубол шуда буд.

***

4 июли соли 1959 Ямайка ҳуқуқи худидоракуниро ба даст овардааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1876 дар Сан-Франсиско аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон намоиши маҳсулоти электрикӣ баргузор гардидааст.

***

Соли 1950 радиои «Аврупои Озод» («Свободная Европа») пахши барномаҳояшро ба роҳ мондааст.

***

Соли 1958 дар киштии атомии зериобии К-3 «Комсомоли ленинӣ» («Ленинский комсомол») аввалин бор реактори ҳаставӣ сар дода шудааст.

 

Июль 4, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш