«Истиқлол»-и Душанбе дар шаҳри Тошканд се бозии санҷишӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе чемпиони Тоҷикистон бозиро дар шаҳри Тошканд бо дастаи лигаи олии Ӯзбекистон – «Нефтчӣ»-и Фарғона бо ҳисоби 1:2 бохт. Ин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии «Истиқлол» 25 июл дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и пойтахти Ӯзбекистон барпо гардид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар Тошканд боз бо ду дастаи лигаи олии Чемпионати Ӯзбекистон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.
«Истиқлол» 27 июл бо дастаи «Динамо»-и Самарқанд ва 29 июл бо дастаи «Машъал»-и шаҳри Муборак бозиҳои санҷишӣ барпо мекунад. Ҳарду бозӣ дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд барпо мегарданд.
Дастаи «Истиқлол» таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев ба давраи дуюми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва бозиҳои даври нимфиналӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ омодагӣ мебинад.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси қуръакашии бозиҳои нимфиналии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ғолиби минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст, дар даври нимфиналӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рақобат мекунад.
Дар бозии аввали нимфиналии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол» 22 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» – «Серес» рӯбарӯ хоҳад шуд.
Бозии ҷавобӣ 12 сентябр ё дар Сингапур ва ё дар Филиппин баргузор мешавад.








Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд






