Сафири Амрико низ хабари аз рӯйхати Интерпол ҳазф шудани номи ҷинояткор Гулмурод Ҳалимовро рад намуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар дода будем, Интерпол 17 июл маълумоти нашркардаи сомонаи Радиои «Озодӣ» ва баъзе аз расонаҳои дигарро дар бораи гӯё аз рӯйхати Политсияи байналмилалӣ ҳазф шудани номи Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» пайваста, дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин муттаҳам дониста мешавад, рад намуд (ниг. ба «Интерпол хабарро дар бораи аз рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ гирифта шудани номи Гулмурод Ҳалимов рад намуд», www.khovar.tj, 18 июли с. 2017)
Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард низ имрӯз зимни нишасте, ки дар Душанбе зери унвони «Тамриноти низомӣ ба хотири ҳамкории минтақавӣ» доир гардид, зикр намуд, ки номи Гулмурод Ҳалимов аз рӯйхати афроди таҳти пайгарди политсияи байналмилалӣ ё худ Интерпол гирифта нашудааст. Хонум Миллард таъкид сохт, ки номи Ҳалимов дар рӯйхати мазкур шояд ба гурӯҳи ҷиноятҳои дигар гузаронида шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки номи Гулмурод Ҳалимов дар рӯйхати онҳоест, ки бо қарори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид кофтуков мешаванд ва дар сомонаи политсияи байналмилалӣ эълони вижаи Интерпол ва СММ ҳанӯз барҷост. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Гулмурод Ҳалимов рӯзи 29 феврали соли 2016 бар асоси бандҳои 2 ва 4-уми қатъномаи 2161(соли 2014) дар робита ба «Ал-Қоида” барои «ширкат дар таъмини молӣ, нақшакашӣ, мусоидат, омодагӣ ва анҷоми амалҳо ва ё фаъолиятҳо ҳамроҳи ё аз номи вай ба ҳимоят аз «Давлати исломии Ироқу Шом” ба рӯйхат шомил карда шудааст”.
Ҳамин тариқ, Гулмурод Ҳалимов, мисли Муҳиддин Кабирӣ, ҳанӯз дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад.








Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад






