Ҷамшед Мансуров: «Шоми дурахшони душанбегиҳоро дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт таъмин месозем»

Октябрь 11, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре маълум аст, дар фасли зимистон  торикии шаб  барвақттар фаро мерасад. Дар ин давра бо назардошти ҳамасола зиёд гардидани шумораи нуқтаҳои равшанидиҳӣ дар пойтахт ҳаҷми кору ташвиши кормандони Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» зиёдтар мегардад. Зеро шомгоҳон   равшан гардонидани  кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт ба зиммаи онҳо вогузор гардидааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар муассисаи мазкур аз наздик шинос шуда, бо  сардори  Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр»    Ҷамшед Мансуров  ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар мавриди омодагӣ ба мавсими имсолаи зимистон дар муассисаи мазкур чунин ибрози назар намуд:

20171011_091204_001+-Дар Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» тибқи қарори  Раиси шаҳри Душанбе дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018  фаъолияти равшанидиҳӣ бо истифода аз низомҳои муосир ва каммасраф ба роҳ монда шудааст. Алҳол таҷдиду муосирсозии низоми равшанидиҳӣ ва  сарфаҷӯии қувваи барқ дар  шабакаҳои равшанкунӣ идома дорад. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда то 20 сентябри соли равон  аз ҷониби  кормандони Муассиса  барои сарфа гардидани қувваи барқ дар кӯчаву шаҳрак ва маҳаллаҳои пойтахт 600 адад    чароғҳои дорои  фурӯзонакҳои тавоноиашон баланд ба чароғҳои дорои фурӯзонакҳои   муосири каммасраф   иваз гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар  тамоми ҷаҳон дар таъмини равшании кӯчаву хиёбонҳо  ба хотири босифат  ва бехатар будан аз ноқилҳои барқии рӯйпӯш (намуди СИП)  истифода  мебаранд. Муассисаи мо низ мақсад дорад дар таъмини  равшанидиҳии  кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе   аз ин намуди ноқилҳои барқӣ  истифода намояд. Бо ин мақсад  дар ин давра  36  км ноқилҳои  барқии  намуди луч  ( А-25,А-16,А-35) –ро   ба   ноқилҳои барқии рӯйпӯш (намуди СИП) иваз  намудем.

Ҳамчунин  бо мақсади омодагӣ ба зимистони имсола кормандони мо  2674 адад   сутуни барқӣ ва шохаҳоро тайёр ва рангубор карда, дар  240 адад қуттиҳои идоракунии низоми равшанидиҳӣ корҳои профилактикӣ гузаронида,  26 адад нақлиёти махсусгардонидашударо  ба мавсими зимистон омода намуданд.

Инчунин дар муассиса  сӯзишворӣ, маводу ашёи зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмини хизматрасонии муътадил  дар фасли зимистон захира гардидаанд. Аз ҷумла, чароғҳо 3864 адад, фурӯзонакҳо 26612 адад, ноқилҳои намуди ҳархела 55750 метр, дигар ашёи барқӣ 876 адад, сӯзишворӣ 48048 литр, қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт ба маблағи 100,6 ҳазор сомонӣ захира шудаанд.

Сокинони пойтахт метавонанд дилпур бошанд, зеро равшании шоми онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои зебои Душанбе таъмин мегардад.

            Лозим ба ёдоварист, ки Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» танҳо барои  равшанидиҳии кӯчаву хиёбон ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт масъул мебошад. Равшанидиҳии дохили саҳни бинои муассисаву ташкилотҳо ва дигар мавзеъҳои шаҳр  ба салоҳияти ин муассиса дохил намешавад.

Хотиррасон менамоем, ки дар муассисаи мазкур айни ҳол 95 нафар кормандон фаъолият дошта,  аз  онҳо 23 нафар барқчии минтақавӣ ва зиёда аз 20 нафарашон ронандаҳои мошинҳои махсусгардонидашудаи  болобардор мебошанд.

                                                                                                      Рухсораи НУР,

АМИТ “Ховар”

Октябрь 11, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд