Боғи фарҳангу фароғатии С. Айнӣ аллакай ба хатсайри сайёҳии ширкатҳои сайёҳӣ ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аллакай ба хатсайри сайёҳии ширкатҳои сайёҳӣ ворид карда шуда, ҷиҳати ҷалби сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба ин мавзеъ тамоми тадбирҳо андешида шудаанд. Ин суханонро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни ифтитоҳи Намоишгоҳи сайёҳии «Тоҷикистон- сарзамини ҷолиби сайёҳӣ» иброз намуд.
Намоишгоҳи сайёҳӣ имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат бо мақсади рушди бозори сайёҳии кишвар созмон дода шуд.
Дар намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарони вазорату идораҳо, сафоратҳои муқими Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, осоишгоҳ ва табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа, устодон ва донишҷӯёни риштаи сайёҳии мактабҳои олии кишвар иштирок доштанд. Меҳмонон аз намоишгоҳи ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо ва ҳунарҳои дастӣ дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, аз ҳар ҷиҳат барои рушди сайёҳии экологӣ, сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ, сайёҳии таърихию фарҳангӣ мусоид ва созгор мебошад. Ҳадаф аз баргузор намудани ин намоишгоҳ муаррифии имкониятҳои хизматрасонии меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоию сайёҳӣ, иншооти санаторӣ-курортӣ буда, ба ин восита густариш додани соҳаи сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин дар Амфитеатри Боғ барномаи фарҳангӣ пешниҳоди меҳмонон гардид.
Хотиррасон мекунем, ки намоишгоҳ пагоҳ ҳам идома меёбад.








Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад






