Вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус мулоқот намуданд

Май 17, 2018 11:28

ДУШАНБЕ, 17.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз намояндагони кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони  Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии раиси кумитаи мазкур Лутфия Раҷабова бо кормандони масъули Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус Албина Давидович ва Светлана Кобачевская мулоқот намуданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону  Беларус ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки Маҷлиси намояндагон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Беларус, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва омода кардани неруи нави бунёдкор танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд карда, аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро 15 дарсади дигар баланд мебардорад.

Гуфта шуд, ки танҳо соли 2017 дар ҳудуди кишвар ба маблағи умумии беш аз 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои тақрибан 31 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд.

 

 

Май 17, 2018 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ