ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САЙЁҲОН. Дар ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода суҳбат намуд

Август 8, 2018 15:08

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Амнияти сайёҳони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон пурра таъмин аст ва онҳо метавонанд аз ҳар гӯшаи табиати зебову дилрабои Тоҷикистони азиз дидан кунанд». Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршеди ҲАМДАМ баён намуд.

Дар ин суҳбат Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки «ҳодисае, ки  29 июли соли равон ба амал омад, яъне ҳамлаи ноҷавонмардона ба чанд тан аз сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон халали ҷиддӣ ворид накард. Сайёҳон хуб дарк мекунанд, ки барои ҷинояткорон марзу бум, миллату мазҳаб ва дигар арзишҳо қадру қиммат надоранд. Онҳо дар кадом гӯшаи дунё, ки набошанд, ба хотири ғаразҳои нопокашон аз ягон разилӣ рӯ намегардонанд. Имрӯз ягон сайёҳ сафарашро ба Тоҷикистон қатъ накарадааст. Сафари сайёҳон тибқи нақша ҷараён дорад. Ҳама ширкатҳои шарики ватанӣ, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, иброз доштанд, ки ҳодисаи мазкур ба барномаҳои онҳо дар заминаи сафар ба Тоҷикистон халале ворид накардааст».

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки вобаста ба ҳодисаи охир аз ҷониби гурӯҳи салоҳиятноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, дар кӯтоҳтарин муҳлат ин ҷиноят пурра ошкору ҷинояткорон дастгир ва қисман нобуд карда шуданд. Бояд зикр кард, ки аз ҷониби ВКД ҶТ шуъбачаи нави сайёҳӣ таъсис дода шуд ва мулоқоти раҳбарияти ин шуъбача бо раҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардид. Ҳамкорӣ ва робитаи мустақим миёни ин шуъбача ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шуд, ки  минбаъд кормандони он дар хизмати сайёҳон хоҳанд буд. Ҳар дархосте, ки аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ мешавад, ҳаллу фасл мегардад. Ин боз ҳам эътимоди сайёҳонро зиёдтар кард, минбаъд ҳар як муроҷиат ба таври фаврӣ пайгирӣ ва ҳаллу фасл карда мешавад. Ҳатто худи сайёҳон иброз намуданд, ки ҳодисаи охир барои сафари онҳо ба Тоҷикистон монеа намешавад.

Н.Абуғаффорзода илова кард, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли  равон барои рушди сайёҳӣ ва таъмини амнияти сайёҳон як қатор санадҳо, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ»-ро  дар таҳрири нав таҳия намуд. Қонуни мазкур дар баробари рушди сайёҳӣ, инчунин барои амнияти сайёҳон муқаррароти мушаххасро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки 1 август бори нахуст «Барномаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои то соли 2030» қабул гардид ва ин санади муҳим ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард. Стратагияи мазкур  вазъи кунунии соҳаи мазкур ва имкониятҳои рушди сайёҳиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дарбар мегирад ва низоми мониторингии он муқаррар шудааст.

Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он чор солро дарбар мегирад, амалӣ карда шуда, яке аз қисматҳои он ба ҳимояи ҳуқуқи сайёҳон ва таъмини амнияти онҳо дар ҷумҳурӣ равона гардидааст.

«Сафари сайёҳон ба ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст. Дар шаш моҳи аввали соли равон, дар маҷмӯъ, 950 ҳазор хориҷиён ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки  ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 маротиба зиёд аст. Дар ин давра ҷуғрофияи ташрифи сайёҳон васеъ гардида, аз 135 мамлакати дунё ба Тоҷикистон сайёҳон ташриф оварданд. Дар ин давра 53 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуд ва онҳо ба бозори сайёҳии ҷумҳурӣ ворид шуданд. Беҳбуди вазъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзҳои 10-11 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории ин нишаст омодагии ҳамаҷониба гирифтааст. Пас аз анҷоми ҷаласа меҳмонон аз маконҳои тамошобоби Тоҷикистон дидан хоҳанд кард», — зикр намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абуғаффорзода.

Август 8, 2018 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ТУРИЗМ ДАР ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ-2025. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Қатар иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд