МУНОСИБАТИ ИНСОН БО ОБ БОЯД МУҚАДДАС БОШАД. Ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бахшида мешавад

Сентябрь 25, 2018 11:16

ДУШАНБЕ, 25. 09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мо дар Тоҷикистони биҳиштосо, дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки сарчашмаву саргаҳи обҳои зулоли ошомидании дунёст. Пиряхҳои бешумори кӯҳсорони мо манбаи бузурги обҳои поканд. 8 фоизи ҳудуди кишвари моро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки  масоҳати умумиашон 11,146 ҳазор км2 буда, дар онҳо тақрибан 845 км3 захираҳои об маҳфузанд.

Дар кишвари мо 947 дарё ва сойҳои доимӣ вуҷуд доранд. Ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва зерҳавзаҳои зиёди дигар, мисли Қаротоғ-Ширкент, Қизилсу-Яхсу, Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва сойҳои Ашту Сомғор аз ин ҷумлаанд.

 Дар мамлакати мо 1300 кӯл ба масоҳати 705 км2  мавҷуданд, ки ҳаҷми умумии захираҳои оби онҳо 46,3 км3 ро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор  20 км2 обҳои ширин мебошанд.

Кӯли дар нусхаи худ беҳамтои Сарез,  даҳҳо кӯлҳои оби мусаффои кӯҳҳои Тоҷикистон, рӯдбору обшору чашмаҳои беҳамтои кишвари шодобамон  саршори обҳои зулоли бебаҳо ва беҳамто дар ҷаҳонанд.

Захираҳои обҳои зеризаминии барқароршаванда дар Тоҷикистон 18,7 км3/солро  ташкил медиҳанд.

Бале, мо, хушбахтона, дар канори чашмаҳову обшори зулол ва рӯдбори шодобу файзафшон зиндагонӣ меекунем. Аммо, мутаассифона, ҳанӯз қодир нестем аз онҳо пурра ба манфиати миллии худ истифода барем.

Ташаббусҳои Пешвои миллатамон дар арсаҳои ҷаҳонӣ аз хусуси ҳифзи захираҳои об на фақат барои мардуми мо, балки ба тамоми инсоният ҳушдор медиҳанд, ки дар андешаи ин мушкили ба инсоният таҳдидкунанда бошанд. Яъне норасоии об, хатари беш аз пеш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокинони сайёра аз норасоии об, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунандаву марги инсонҳо аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърӯзаҳои Сарвари кишвари тоҷикон пайваста мавриди андеша қарор мегиранд ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шуда, ангезиш ба ҳамагон медиҳанд.

Барои он ки  ба қадри обҳои зулоли сарзамини худ бирасем, барои дарки вазъият ва моҳияти масъалаи ҳифзи оби пок  мо бояд вазъи оби нӯшокӣ дар дунё ва баъзе маълумотро аз хусуси обҳо бидонем. Аз ин рӯ тасмим гирифтем дар сомонаи  АМИТ “Ховар” дар ин мавзӯъ барои хонандагони арҷманд чанд суҳбате омода ва пешниҳод намоем, то маълумоти бештаре дар ин соҳа дошта бошанд. Инак, суҳбати аввал.

Об сарчашмаи ҳаёт дар замин аст

Об сарчашмаи ҳаёт, асоси ҳама мавҷудоти зинда дар рӯи замин ва сарчашмаи худи зиндагист.

Ҳафтоду панҷ  — ҳаштод фисади ҷисми мо аз об иборат буда, мо метавонем бе хӯрок қариб як моҳ зиндагӣ кунем, бе об – танҳо чанд шабонарӯз.

Ҳамин  формулаи одии Н2О, яъне оби муқаррарӣ таҷассуми муаммоҳои зиёдест. Ин ягона зуҳурот (модда) дар сайёра аст, ки қобилияти  дар се ҳолат: моеъ, шакли газ (буғ) ва сахт – ях  метавонад зуҳур дошта бошад.

Об ва гардиши он дар табиат аз бисёр ҷиҳатҳо иқлими глобалиро муайян мекунад. Ба назар чунин менамояд, ки об дар Замин хеле бисёр аст. Аммо наваду ҳафт фоизро дар сайёра уқёнусҳо ташкил мекунанд. Ин оби шӯрест, ки нӯшиданӣ нест. Ду фоизи обҳо дар бунбасти пиряхҳои Арктика, Антарктида ва қуллаҳои баландкӯҳ мондаанд.

Фақат аз сад бисту нуҳ фоизи захираҳои оби сайёраро рӯдҳову кӯлҳо маҳфуз медоранд. Ҳиссаи оби ҳаво (атмосфера) боз ҳам камтар — аз даҳ ҳазор панҷ фоиз аст.

Миқдори оби ошомиданӣ  сол то сол дар дунё коҳиш меёбад, дар ҳолате, ки аҳолии замин дар афзоиш аст. Дар асоси асноди СММ дар панҷоҳ соли охир истеъмоли об ду баробар афзудааст.

Тараққиёти истеҳсолоти саноатӣ, зиёд шудани теъдоди мошинҳо, фаъолияти пайвастаи хоҷагидории инсон ба ифлосшавии обҳо меоварад.

Об ва саломатӣ

Дар асоси маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳаштод фоизи бемориҳо аз истеъмоли обҳои бесифат рӯй  задаанд.

Ҳафтод — ҳафтоду панҷ фоизи ҷисми мо аз об иборат аст, полудаҳои моеъии мағзи сари мо низ 90 фоиз обанд,  95 фисади хунамон ҳам аз об иборат аст. Одамро, ки аз об ҷудо кардем, аз ӯ чӣ мемонад? Ва агар одам истеъмоли обро кам кунад, чӣ бемориҳое ба ӯ мечаспанд? Агар навиштаҳои табибони халқиро хонед, мефаҳмед, ки бо батартиб даровардани истеъмоли об дарди сар бартараф гардида, гурдаҳо озод кор мекунанд, гардиши хун ва зарда беҳтар мегардад ва аз ин ҷо кори дил, ҳозима ва  тартиби пешоб беҳбудӣ меёбад.

Беҳуда нест, ки аз замонҳои қадим инсонҳо дар соҳилҳои рӯдбор, кӯлҳову баҳрҳо зиндагӣ ихтиёр мекарданд. Об на фақат барои қобили ҳаёт будани одам, балки барои нӯшидан, эҳтиёҷоти хоҷагӣ ва рӯзгор ҳам даркор аст. Агар об дар хона нест, зиндагӣ қатъ меёбад. Агар об дар полез нест, наметавон сабзавоу меваҷоту рустаниҳои дигарро рӯёнд.

Муносибати мо бо об бояд муқаддас бошад. Бояд обро пок дорем. Хусусан, боқимондаҳои обҳои ифлоси корхонаҳои саноатиро набояд ба рӯдҳову кӯлу баҳрҳо рехт.

Ҳайвонот низ наметавонанд бе сарчашмаҳои тозаву солими об зиндагӣ кунанд. Тарси марг аз ташнагӣ сахттар аз тарси гушнагист ва то ҷоест, ки дар ҷангалу марғзор ба обхӯраҳо ҳам шер меояду ҳам оҳу ва ҳам дигар ҷонварҳо ва касе ҳамдигарро намехӯрад. Чӣ гӯем аз рустаниҳое, ки дар мавриди беобӣ ногузир мефавтанд.

Об ҳаёт аст: ҳам барои растаниҳо, ҳам барои алафхорону дарандагон ва ҳам барои инсон.

Ҳатто норасоии андаки об барои саломатии инсон зиёновар аст, гурдаҳо хуб шуста намешаванд,  метавонад дар гурдаҳо қум ва санг пайдо шавад.

Агар об дар ҷисми шумо ба қадри кофӣ нест, майнаи сар наметавонад хуб фаъолият кунад. Эҳсосатон  дар шинохти муҳит ва баҳогузории он  ғайрифаъол гардида, диққататон коҳиш меёбад. Шумо ташнагиро ҳам метавонед эҳсос накунед, сустӣ, ангезиши тунд ва тангшавии асабҳо шуморо метавонад фаро гирад.

Барои пешгирии чунин ҳолатҳо обро пешакӣ бояд истеъмол кард. хусусан ба ин ҳолат пирону кӯдакон бештар гирифторанд. Ба истеъмоли дурусти об аз хурдсолӣ бояд одат кард. Зеро норасоии андаки об дар вуҷуди инсон метавонад боиси ангезиши бемориҳои пайвастаи гурда, на фақат регу санг, балки ҷараёни рутубатзадагӣ ва илтиҳоб гардад, зеро узвҳо аз ҷумла, зардаи ғализ, хун, шираҳои меъдаӣ, хуни ғафс ба тариқи кифоят тоза намешаванд. Ин ҳолат сабаби пайдоиши  сактаи дил, сактаи майна, қабзият, баландшавии қанд дар дар хун мегардад. Акнун худ қазоват кунед, ки нӯшидани оби тоза чӣ манфиате барои ҷисми инсон дорад.

Об ба ҷисми инсон бо ғизо ворид мешавад. Худи ҷисми одам дар натиҷаи реаксияҳои биокимиёвӣ  то 400 грамм об ҳосил мекунад. Қабули намунавии об 1-1,5 литр дар як шабонарӯз бо истеъмоли  хӯрок ва ошомидани об аст.

Баромадани об аз ҷисми мо тавассути нафас 400 миллиграмм, ба воситаи гурдаҳо 1,4 литр, тавассути пӯст 0,5 литр ва 0,1 литр тавассути рӯдаҳост. Дар гармо ё  ҳангоми шуғли фаъоли ҷисмонӣ, вақти машғулияҳои варзишӣ ва ҳангоми исҳол талафи об аз ҷисм бештар мегардад. Ҳамаи инро ҳангоми танзими обнӯшӣ дар назар бояд дошт. Дар гармо бештар бояд об нӯшид. Бо арақҳои бадан намакҳои минералӣ низ талаф меёбанд.

Барои қаноатмандии узвҳо нӯшидани оби каме бо лимон турушкардашуда, аммо бе қанд тавсия дода мешавад. Агар мо чойи ширин нӯшем, баъд аз он ташнагиямон бештар мегардад. Агар хоҳед ташнагиро бо чой рафъ кунед, беҳтараш чойи кабуд нӯшед.

Дар ҳама ҳолат оби тоза бояд ҳамарӯза ба ҷисми мо ворид шавад. Агар имкон бошад, беҳтараш аз оби чашма ним соат пеш  ва ду соат баъд аз хӯрок нӯшед. Бо ин шумо дахолат ба узвҳои ҳозима намекунед. Дар ҳавои гарм, вақте аз узвҳо об ва минералҳои зиёд берун меоянд, метавон оби минералии камминералдор  истеъмол кард.

Рӯзи худро бо як пиёла оби тоза дар меъдаи холӣ  оғоз намоед. Обро бо қултҳои майда соати 7 — и саҳар нӯшед. Шумо манфиати онро эҳсос хоҳед кард, узвҳо ба тозашавӣ медароянд, гурдаҳову  рӯдаҳо фаъол мегарданд,

Хуллас, одам бояд дар як рӯз на кам аз 1,5 литр об нӯшад. Беҳтараш оби тоза, аз чашмаи табиат бошад. Агар не, онро полуда нӯшед. Агар ин имкон ҳам нест, он гаҳ обро ҷӯшонида,  такшин намуда, нӯшидан даркор.

Ба ҷои чойи ширин, шарбат ва дигар  нӯшокиҳо оби покро нӯшида, шумо худро бештар солим эҳсос мекунед.  Донистани ҳамин як ҳақиқат кифоят аст, ки таркиби хуни моро на чойи ширин ва ҳатто сабз ва на моеъи дигар, балки об, танҳо об ташкил медиҳад.

Ба ҷуз ин, олимон ба чунин хулоса омаданд, ки об таркиб ва ҳофиза дорад. Ба шумо тавсия медиҳем, ки пеш аз нӯшидани об пиёларо бардошта, нидо кунед: бо муҳаббат ва шукргузорӣ… Чунин об ба шумо танҳо сиҳатӣ мебахшад.

Аз таърихи об

  1. Аввалин мавҷудоти зинда дар замин 4-миллиард сол пеш маҳз дар об пайдо шудаву хеле вақт дар он маскун буданд. Аввалин растаниҳо ҳамагӣ 480 миллион сол пеш аз об берун баромадаву дар хушкӣ зиндагӣ оғоз намуданд. Боз ҳаштод миллион соли дигар гузашт, то аз паси онҳо аввалин ҷонварон зуҳур кунанд, ки навад фисади зуҳуроти зинда низ дар об пайдо шудаву нумӯъ ёфтаанд
  2. Миқдори кифояи намӣ ба нумӯи ҳамаҷонибаи растаниҳо мусоидат намуда, ҷонварҳои бешуморро бо ғизо ва паноҳгоҳ таъмин мекунад. Ва на танҳо ҷонварон, инсонҳо низ ҷойҳои сероб ва сабзу хуррамро интихоб мекунанд, то ки зиндагияшон сабуктар гузарад. Шояд маҳз аз ҳамин рӯ мо дар дурахши об зебогии фавқулодда эҳсос мекунем. Оби мусаффо  дар иҳотаи рустаниҳои зебо таҷассуми зеботарин манзараҳоянд.
  3. Маҳз об табиат ва иқлими заминро шакл дода, роҳи таърихии инкишофи одамро муайян намудааст. Дар ривоятҳои асотирӣ об рамзи офариниши олам аст. Тасаввурот дар бораи он ки олам аз об баромадааст, дар ҳама фарҳангҳо ҳузур дорад. Тамаддунҳои дар канори он ба вуҷудомада на фақат аз ҷиҳати биологӣ нумӯъ доштанд. Об ба тарзи тафаккур, фарҳанг, санъат ва ҷаҳонбинии онҳо низ таъсиргузор буд. Динҳои муосир низ ба об ҳамон мақомро қоил ҳастанд.
  4. Об ҳамеша дар худ муаммоеро ниҳон медошт. Яъне ҳам марг меорад, ҳам манбаи ҳосилнокӣ ва эҳёи нав аст. Одамон наметавонанд дар об зиндагӣ кунанд, аммо бе об ҳам зиндагӣ нест. Об шомили хирад ва неруст: зинда мекунад, барқарор месозад, тоза медорад. Об рамзи навсозӣ ва покизагист. Одамон инро хуб медонанд.

Таҳияи
Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ,

 

 

Сентябрь 25, 2018 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАТАНПАРВАР».Таҳти ин унвон дар Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид
Дар Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии Модар-Замин ҳамоиш доир шуд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҷалби муҳассилин ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ озмуни «Донишҷӯи инноватсионӣ – 2020» эълон намуд
Шоҳроҳи Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон гулистон мешавад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борон борида, раъду барқ ба амал меояд
Дар Шаҳринав бо мақсади хушзоткунӣ Фестивал-намоиши чорвои зотӣ гузаронида шуд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Падари Президенти Туркманистон аз олам даргузашт
«ЗИ ҶӮЕ, КИ ХӮРДӢ АЗ ОН ОБИ ПОК…». Дар ноҳияи Сино аксияи экологии «Тозагии соҳил» доир гардид
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад