Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзи Модар таҷлил гардид

Март 6, 2019 15:50

ХУҶАНД, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона  баргузор гардид. Дар оғоз иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои занону духтарони ҳунарманди донишгоҳ, ки дар толори театр ташкил шуда буд, дидан намуданд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии  АМИТ Ховар,  маҳфили идонаро ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Зикр гардид, ки имрӯз аз теъдоди умумии кормандони донишгоҳ, ки 1451 нафар мебошанд, 805 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа 64 нафар занону бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи донишгоҳ фаъолияти пурсамар доранд.

Инчунин ректори донишгоҳ дар бораи дастовардҳои занону бонувони донишгоҳ дар ҳамаи самтҳои фаъолият сухан гуфт. Дар маҳфил 33 нафар занону бонувон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ, ки аз шеъру гуфтор, суруду мусиқӣ ва саҳнаҳои ибратбахш иборат буд, ба маҳфил ҳусни идона бахшид.

Дар маҷмӯъ, бахшида ба Рӯзи Модар бо ташаббуси раёсати донишгоҳ 805 нафар занону бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардида, дар ин замина 8 нафар собиқадорону устодони донишгоҳ низ аёдат гардиданд.

Март 6, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд