ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 37 маркази нави саломатӣ бунёд карда истодааст
ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи сохторҳои байналмилалӣ аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории судманд ба роҳ монд. Дар ин давра бо дастгирии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама