Дар Душанбе боз як корхонаи истеҳсоли семент ва маҳсулоти сохтмонию бетонӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи панҷ соли оянда дар канори Душанбе боз як корхонаи истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта бунёд мегардад. Дар ин росто, 10 июн дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Санади мазкурро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва директори ҶСК «Тоҷиксемент» Муродҷон Шарифов имзо гузоштанд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои бунёди ин корхонаи саноатӣ 100 миллион долллари амрикоӣ сармояи мустақим ҷалб карда хоҳад шуд. Интизор меравад, ки иқтидори корхонаи истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта истеҳсоли 1,2 миллион тонна семент ва 80 миллион дона халта дар як сол мебошад.
Имзои Созишнома оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон карда, бо табиқи он Тоҷикистон аз модели давлати аграрӣ ба кишвари индустриалӣ –аграрӣ мегузарад.








Намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Корея бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шинос шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсати Шурои соҳибкории СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Форуми сармоягузории СҲШ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар муколамаи панелии Форуми OPEC дар Вена муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Зафарабод беш аз 6 ҳазор гектар ғалладонагӣ кишт карда шудааст
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашӣ васлу насб карда шуд
Дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вена баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Дар Вена роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди рушди байналмилалии OPEC баррасӣ гардид
Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтенгии «S&P Global Ratings» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми рушди ОПЕК-2026 дар Австрия иштирок намуд






