ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор дорад

Июнь 26, 2019 11:33

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 20 соли охир  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон аз  муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 111 тонна воситаҳои нашъадорро мусодира намудаанд, ки аз ин миқдор 33,9 тонна героин, 32 тонна афюн, 65,9 тонна маводи нашъадори гурӯҳи бангдона ва 617 кг дигар намудҳои воситаҳои нашъадор ташкил медиҳад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ  «Ховар» бо истинод ба омори расмии мақомоти мазкур хабар медиҳад.

Омори мазкур аз он он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани марзи давлатии тӯлонӣ -1400 км бо Афғонистон, ки яке аз кишварҳои  бузурги тавлидкунандаи маводи нашъадор  дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, дар сафи пеши мубориза бо нашъамандӣ,  гардиши ғайриқонунӣ  ва қочоқи маводи мухаддир қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки 26 июн дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди  нашъамандӣ  ва гардишу фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор  таҷлил мегардад.

Санаи мазкур бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ  7-уми декабри соли 1987 бо мақсади таҳкими фаъолият, ҳамкорӣ дар самти  расидан ба ҷомеаи озод ва бидуни нашъамандӣ  ва  маводи нашъадор  қабул гаридааст. Истифодаи маводи мухаддир ба саломатии аҳолӣ  ва  амнияти ҷаҳон  зарари ҷиддӣ расонида,  ба рушди босубот ва  оромии ҷомеа дар бисёре аз кишварҳои олам  таҳдид менамояд.

Тавре зикр намудем, Тоҷикистон  дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз давлатҳои пешқадам дар самти мубориза бо вабои асри 21 –нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир  қарор дошта, 1 июни  соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти салоҳиятдор — Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуд.

Дар ин давра иқтидор ва тавоноии Агентӣ ҳамчун мақоми махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқ мустаҳкаму мукаммал гардида, дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва амалӣ намудани сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи сазовори худро мегузорад.

Агентӣ ҳамчун мақоми ҳамоҳангсози фаъ­олияти мақомоти давлатии Тоҷикистон дар баробари пешбурди мубориза ва корҳои таб­лиғотию пешгирикунанда дар самти назорати воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин маълумотҳои ин соҳаро ҷамъоварӣ ва таҳлилу ҷамъбаст менамояд, тамоюлҳо ва равандҳои онро муайян ва пешгӯӣ намуда, ҳамасола дар шакли маҷаллаи «Шарҳи вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон»  таҳия ва нашр менамояд.

Воқеан проблемаи маводи мухаддир ба яке аз хатарҳои вазнини ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Он ба як ҷаҳиши тез паҳн гардида, аҳолии кураи заминро фаро гирифта, терроризми байналмилаллиро маблағгузорӣ намуда, яке аз омилҳои муҳими халалдор гардонидани суботу оромии ҷомеа гаштааст.


То соли  1996 дар Тоҷикистон  героин ва то соли 2006 моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор умуман набуд, соли 2006 танҳо як адад ҳабби моддаи психотропӣ мусодира гардид, ҳоло бошад ҳар сол зиёда аз 10­15 ҳазор ҳаббҳо мусодира мегардад, ки онҳо ба кишвари мо асосан аз Аврупо ворид мешаванд. Хушбахтона дар Тоҷикистон кишт ва истеҳсоли маводи мухаддир ҷой надорад, лекин моро марзи тулонӣ бо кишвари Афғонистон, ки дар ҷаҳон ҳамчун кишвари бузурги кишт ва истеҳсолкунандаи маводи мухаддири гурӯҳи афюнӣ ба шумор меравад, аз ташвиши ин вабои аср дар канор будан намегузорад. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон  ба Парлумони  мамлакат  мақомоти ҳизфи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳуриро таъкидан вазифадор намуданд, ки: «бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳими пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад». Бинобар ин Агентии назорати маводи нашъаовар, Қушунҳои сарҳадии КДАМ, ВКД ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бидуни шубҳа мубориза бо маводи мухаддир дар навбати худ мубориза бо террроризми байнал­милалӣ дониста мешавад. Тибқи тадқиқоти коршиносони байнал­милалӣ маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути 4 масир ба кишварҳои ҷаҳон ба таври қочоқ интиқол меёбад. Яке аз онҳо масири Шимол муайн ва номгузорӣ шудааст, ки он ҳудуди кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро дар навбати аввал убур намуда, сипас ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Аврупо меравад. Коршиносони СММ ва мақомоти мутассадии Афғонистон бар он ақидаанд, ки тавассути масири Шимол 20 фоиз  маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон, ки садҳо тоннаро ташкил медиҳад, интиқол меёбад. Вале мувофиқи таҳлил ва мушоҳидаҳо танҳо 10 фоизи маводи мухаддири истеҳсоли афғонӣ тавассути ин масир интиқол мешавад. Боқӣ 90 фоизи он ба воситаи масирҳои Ҷануб, Балкан ва Шимолу Баҳри сиёҳ аз Афғонистон ба хориҷа интиқол мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифз ва назорати сарҳади давлатӣ диққати ҷиддӣ дода, пайваста дар ин самт тадбирҳои иловагӣ меандешад. Бо дарназардошти ин метавон гуфт, ки сарҳади Тоҷикистон садди аввал ва устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои трансмиллӣ ба шумор рафта, он на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа ва Россияро аз таҳдидҳои ҷаҳоние, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд, ҳифз менамояд. Тавре дар маҷаллаи  «Шарҳи вазъи маводи нашъадор дар Тоҷикистон» омадааст,  маҷмӯи чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мусоидат намуданд, ки натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд: Интиқоли маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон аз тариқи масири Шимол 10 фоиз (ё 20) ва боқӣ 90 фоиз аз тариқи дигар масирҳо шаҳодати он аст, ки дар мо назорат хело пурзӯр мебошад. Аксар маводи мухаддири ба Тоҷикистон қочоқшаванда дар хатти сарҳад ва ё минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира мешаванд.

Соли 2018 мақомоти ваколатдори Тоҷикистон аз гардиши ғайриқонунӣ 3 тоннаю  696 кг маводи нашъаоварро мусодира намуданд, ки  2 тоннаю  213 кг ва ё 60 фоизи он дар минтақаҳои сарҳадӣ мусодира гардидааст. Тадбирҳои дар Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон дар нимаи дуюми соли 2018 ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар андешидашуда мусоидат намуд, ки интиқоли маводи нашъаовар ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва минтақаҳои Кӯлоби вилояти Хатлон кам гарданд.


Зарфи ду соли охир  дар давлатҳои хориҷа ягон ҳодисаи қочоқи маводи нашъадор тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ошкор нашудааст. Ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 800 то 1000 ҷиноятҳои мухаддиротиро муайян ва ошкор менамояд. Танҳо соли 2018-ум  812 ҷиноятҳо вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби мақо­моти салоҳиятдор аз 4 то 7 тонна маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира мегардад. Танҳо дар ду соли охир аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 8 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.  Дар Тоҷикистон мусодираи маводи мухаддири афғонӣ аз миқдори умумии мусодираи ин мавод дар тамоми давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия зиёд мебошад.  Дар давоми солҳои 2017- 2018 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 23 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трасмиллиро ошкор ва фаъолияти онҳоро қатъ гардонидаанд, 63 нафар роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ин гурӯҳҳо дастгир ва ҳабс карда шудаанд.

Мушкилоти дигар дар Тоҷикистон воридшавӣ ва паҳн гардидани моддаҳои синтетикии психо-тропии нашъадор мебошад. Гарчанде мубориза бо воридшавии онҳо пурзӯр гардида, соли 2018 15 ҳазору 880 адад ҳабҳо мусодира шудаанд, ки аз ин 14190 адад МДМА, 1330 алпразолам ва боқӣ 310 дона фенобарбитал, диазепам ва амфетамин мебошанд.   Дар «Шарҳи  вазъи мухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  омадааст, ки ҳар сол (4 соли охир) дар Тоҷикистон аз 10­15 ҳазор дона (таблеткаҳо) моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор мусодира карда мешавад. Гуфта мешавад, ки дар чор соли охир ошкор ва мусодираи моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор характери доимӣ пайдо намудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Сатҳи баланди кишти кӯкнор дар Афғо­нистон барои ин кишвар, давлатҳои ҳамсояи он ва дигар давлатҳои транзитӣ ё макони фурӯши он мушкилиҳои зиёд эҷод менамояд. Ҳаҷми зиёди кишти кӯкнор ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ сабаби ноором гардонидани вазъ ва маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон мегардад.

Мувофиқи маълумоти расмии коршиносони СММ, ки ҳамасола дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғо­нистон нашр мегардад, сатҳи вазъи кишти кӯкнор ва истеҳсоли афюн дар Афғонистон ташвишовар арзёбӣ гардидааст.Новобаста аз коҳиши истеҳсоли афюн дар муқоиса ба соли 2017 он то ҳанӯз дар сатҳи баланд қарор дорад. Соли 2018 майдони умумии кишти кӯкнор дар Афғонистон 263 ҳазор гектар арзёбӣ гардид, ки ин нисбат ба соли 2017 ­ 20 фоиз ё 65 ҳазор гектар кам мебошад.

Коҳиши бештари кишти кӯкнор дар Шимол ва дар як қатор минтақаҳои Ғарб, асосан  аз ҳисоби оқибатҳои ногувори хушксолӣ вобастагӣ дорад. Дар ҳамаи вилоятҳои асосии кишткунандаи кӯкнор коҳишёбӣ мушоҳида мегардад. Дар вилоятҳои Ҳилманд ва Қандаҳор, ки вилоятҳои асосии кишткунандаи кӯкнор ба ҳисоб мераванд (беш аз 60 фоиз аз кишти умумӣ), соли 2018 мутаносибан танҳо 5 ва 16 фоиз коҳиш ба қайд гирифта шуда, майдони кишт дар ин вилоятҳо ба 12 ҳазор гектар кам гардид.

Тақсимоти минтақавии кишти кӯкнор нишон медиҳад, ки бештари майдонҳои кишт (69 фоиз) чун солҳои қаблӣ ба минтақаи ҷанубии кишвар рост меояд. Дар Афғонистон вилояти Ҳилманд калонтарин вилояти кишткунандаи кӯкнор ба ҳисоб рафта, новобаста аз он, ки дар ин вилоят майдони кишт ба 7 ҳазору 220 гектар кам гардида бошад ҳам, майдони кишт дар он 52 фоиз аз масоҳати умумии майдони кишти кӯкнорро дар кишвар ташкил медиҳад. Вобаста ба масоҳати кишти кӯкнор вилоятҳои Қандаҳор (23 410 гектар) ва Урузгон (18 662 гектар) дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор доранд.  Соли 2018 дар Афғонистон тахминан 6 ҳазору 400 тонна афюн истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2017 ба 2 ҳазору 600 тонна ё 29 фоиз кам мебошад. Новобаста аз сатҳи баланди кишт, арзиши афюни хушк коҳиш ёфта, соли дуюм аст, ки дар вақти ҷамъоварии ҳосил он ба ҳисоби миёна барои як килограмм то 94 доллари ИМА расидааст.


Арзон шудани нархи афюн ба даромади фер­мерҳо таъсири ҷиддӣ расонид, ки онҳо аз кишти кӯкнор тахминан 604 миллион доллари ИМА ба даст оварданд, ки он нисбат ба соли 2017 (1,4 миллиард доллари ИМА) 56 фоиз кам мебошад.

Мутаассифона, дар Афғонистон беш аз 40 сол аст, ки суботи комил устувор нест.  Гурӯҳҳои ҷинояткори  мусаллаҳ дар ҷонибдорӣ намудани амалҳои қочоқчиёни  марбут ба маводи мухаддир даст доранд.  Ин омилҳо барои афзун гардонидани парвариш ва истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон мусоидат мекунанд, ки дар сатҳи ҷаҳон яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи афюн ба шумор меравад, ки Тоҷикистон ва дигар ҳамсоякишварҳои минтақаро  нигарон намудааст.  Бо вуҷуди оне, ки дар ин самт барои ҳаллли ин мушкилот  Ҳукумати Афғонистон  тадбирҳои зурурӣ меандешад, аммо пойдор набудани суботи  комил монеъаҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.

Дар робита ба ин, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал меорад, ки дар ин раванд Афғонистонро  танҳо нагузошта, дастгирӣ намуда, бо ин васила расонидани кӯмакҳои амалиро ба Афғонистон  бо мақсади беҳтар намудани вазъи амниятӣ  дар минтақа вусъат диҳанд.


Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2019 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд