«ҶОМИ ПОЙТАХТ-2019». Он насиби волейболбозони дастаи ВМБК гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 25 июни соли равон бахшида ба 22-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе байни бонувон мусобиқаи кушод оид ба волейболи касбӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» баргузор гардид. Имрӯз мусобиқаи мазкур ҷамъбаст шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар даври финалӣ ду даста — волейболбозони ВМБК ва шаҳри Душанбе-1 байни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волейболбозони ВМКБ бо ҳисоби 3:1 дастаи Душанбе-1-ро мағлуб намуда, сазовори «Ҷоми пойтахт-2019» ва 20 ҳазор сомонӣ мукофот гардиданд. Ҷои дуюм насиби дастаи Душанбе-1 гардид, ки онҳо соҳиби медали нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ шуданд. Ҷои сеюмро дастаи дигари волейболбозони ВМБК бо шикаст додани дастаи Душанбе-2 ба даст оварда, сазовори нишони биринҷӣ ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот гардид.
Ба ғолибони мусобиқаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ Ҷом, медал ва мукофотҳои пулиро тақдим намуд.
Дар мусобиқаи мазкур масъулини Муассисаи давлатии раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 11 дастаи волейболбозон, аз ҷумла 4 даста аз шаҳри Душанбе, 2 дастаӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМБК, 1 даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок ва байни ҳам рақобат карданд.
Хотиррасон менамоем, ки ин мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба варзиш ҷалб намудани занону духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар пойтахт роҳандозӣ гардид.













35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид






