ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд 59 корхона бо 642 ҷойи корӣ таъсис гардид

Июль 16, 2019 16:13

ХУҶАНД, 16.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат  соли равон дар вилояти Суғд баистифодадиҳии 100 корхона бо 1030 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, давоми шашмоҳаи аввали соли 2019  59 корхона бо 642 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Ин матлаб дирӯз зимни баргузории ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд  дар шашмоҳаи якуми соли 2019   зикр гардид.

Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар»,  дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат  ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  108,3 фоизро ташкил дода, дар нимсолаи якум дар вилоят ба маблағи 5,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст.

Инчунин ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 1 миллиарду 850,5 миллион сомониро ташкил дода, гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 1011,9 миллион доллари амрикоӣ баробар гардидааст. Дар ин давра аз вилоят ба хориҷи мамлакат ба маблағи 224,5 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст.

Хамзамон зимни кори ҷаласа роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият аз раисони шаҳру ноҳияҳо пурсида, ба онҳо бобати иҷрои сифатноки нақшаҳои ба зимма гирифташуда дастурҳо дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохтмони 6500 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, давоми шашмоҳаи якуми соли равон дар миқёси вилоят бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун 1429 иншоот  ва аз оғози соли 2018 то имрӯз беш аз 2781 иншооти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар ҷаласа изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони вилояти Суғд аҳлона меҳнат намуда, ҷашнҳои таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостониро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

                                                                 Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
                                                                       АМИТ “Ховар”

Июль 16, 2019 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт 9 бинои нави таълимӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва 2 китобхона ба истифода дода шуд
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
Соли 2025 соҳибкорони вилояти Хатлон беш аз 500 километр роҳро мумфарш намуданд
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ 42 километр роҳ таъмири ҷорӣ карда шуд
Соли 2026 кишоварзони Тоҷикистон дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд
ПАХТАКОРӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон дар чанд гектар пунбадона кишт карда мешавад?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 43 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
СОҲАИ ПАХТАКОРӢ МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ ТАЛАБ МЕКУНАД. Он ба амнияти озуқаворӣ, рушди саноати сабук ва афзоиши содирот вобаста аст
Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид