Дар вилояти Суғд дарсҳои омӯзишии роҳбарӣ ва идоракунии муосир гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 5.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дарсҳои омӯзишии директорон ва аъзои роҳбарикунандаи литсейҳои касбии техникии вилояти Суғд дар доираи Барномаи омӯзиши роҳбарӣ ва идоракунии муосир дар низоми лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» (ТИКТО)-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд.
Дарсҳои омӯзишӣ дар маркази тренингии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон аз 24 июн то 5 июли соли равон аз ҷониби тренерони таҷрибадор барои 44 нафар директорон ва як узви роҳбарикунандаи литсейҳои касбии техникии вилояти Суғд гузаронида шуданд.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиён вобаста ба «Муносибати соҳибкорӣ ба идоракунии муассисаи таълимӣ», «Банақшагирии стратегӣ ва тиҷоратӣ», «Маблағгузорӣ дар асоси натиҷа», «Маблағгузории гендерӣ», «Низоми таъмини Таълим дар асоси салоҳият (ТАС)», «Низоми иттилоотии идоракунии молиявӣ», «Роҳбарият ва ташаккули сиёсат дар Таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш (ТИКТО)», «Тақвияти шарикии соҳавии муассисаҳо», «Таъмини сифат дар ТИКТО», «Низоми иттилоотии идоракунӣ (НИИ), Низоми иттилоотии бозори меҳнат (НИБМ), мониторинг ва баҳодиҳӣ» омӯзонда шуданд.
Бояд зикр кард, ки баргузории чунин тренингҳо моҳҳои июл ва августи соли равон барои директорон ва як узви роҳбарикунанда (аз ҳисоби занон)-и ҳайати 39 литсейи касбии техникии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ВМКБ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар дар назар дошта шудааст.
Ҳадафи асосии Лоиҳа мусоидат ба устувории заминаҳои моддӣ-техникӣ, методӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касбии техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.
Ёдрас мешавем, ки лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд аз соли 2016 амалӣ мешавад.








Эмомалӣ Раҳмон: «Бунёди «Комбинати металлургии Тоҷик» рамзи иқтидори рӯзафзуни иқтисодии мамлакат аст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба сармоягузорӣ дар истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми ватанӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: ««Барномаи рушди металлургияи сиёҳ барои солҳои 2027–2035» таҳия карда шавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон бояд аз кишвари истихроҷкунандаи маъдан ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти металлӣ табдил ёбад»
Талаботи Тоҷикистон ба филизоти сиёҳ то соли 2035 ба беш аз 2,3 миллион тонна мерасад
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»
Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст






