НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ робитаи судманд дорад
ДУШАНБЕ, 19.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои судманд дорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори ин муассисаи таҳсилоти олӣ Маҳмадулло Раҷабзода иттилоъ дод.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зикр шуд, ки ин робитаҳо метавонанд барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассусу забондон мусоидат намоянд.
-Зеро, — гуфт Маҳмадулло Раҷабзода, масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, инчунин ба ин васила ғанӣ гардонидани неруи зеҳнии мамлакат ҳамчун вазифаи асосӣ ва афзалиятноки раёсати Донишкада ҳисоб меёбад.
Ба гуфтаи ректори Донишкада, ба хотири таълими беҳтари забонҳои хориҷӣ дар боробари омӯзгорони соҳибтаҷрибаи тоҷик устодон аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Япония ва Ирландия ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани раванди таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар назди кафедраи филологияи англисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маркази рушди забони англисӣ таъсис дода шуд.
Маркази мазкур аввалин макони миллии соҳавиест, ки бо 3 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ ва технологияи муосири иттилоотӣ таъмин карда шудааст.
«Ин иқдом ба хотири татбиқи Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи декабри соли 2018 баён доштанд, амалӣ гардид. Умед аст, ки он барои баланд бардоштани сатҳи забономӯзии донишҷӯён мусоидат намояд», — илова намуд Маҳмадулло Раҷабзода.
Зимнан, дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ҷумла, бо ин мақсад соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расида, соли 2014 Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 қабул ва мавриди татбиқ қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни ирсоли Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро муҳим ва натиҷаҳои тадбирҳои андешидашударо ғайриқаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар ин замина, Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
«Хотирнишон месозам, ки мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони мамлакат мекунем, на бо мақсади дигар», — афзуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.








Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад






