САРИ ХОСОР-ГАНҶИНАИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Сафари сайёҳон ба ин гӯшаи зебои табиат беш аз 6 баробар афзудааст

Август 1, 2019 17:04

ДУШАНБЕ, 01.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Боздиди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз мавзеи зебоманзари Сари Хосор беш аз 6 баробар афзудааст. Танҳо дар шаш моҳи соли равон 3652 сайёҳӣ  дохилӣ ва 272 хориҷӣ ба ин минтақаи кӯҳӣ сафар доштанд. Ин дар ҳолест, ки дар давоми соли 2018 аз Сари Хосор 500 нафар сайёҳи дохилӣ ва 87 сайёҳи хориҷӣ дидан карда буданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

«Ин ҳама дар партави  таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани инфросохтори сайёҳӣ муяссар гардидааст. Муҳайё сохтани шароити зарурии будубоши сайёҳон дар ин гӯшаи зебои табиат яке аз дастовардҳои соҳа ба ҳисоб меравад», — меафзояд манбаъ.

Имрӯзҳо сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон-Сари Хосор» бошад, босуръат  идома дорад.  Ин роҳ дар рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз аҳамияти калон  бархӯрдор аст. Дарозии умумии роҳи автомобилгарди «Балҷувон-Сари Хосор»  33 км-ро ташкил медиҳад, ба гуфтаи мутахассисон роҳ душворгузар арзёбӣ гардида, дар зиёда аз 2 километри он гузаронидани корҳои таркишӣ ва дар 14 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён мегиранд. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ равуои сокинони маҳаллӣ ва сайёҳон ба маротиб  беҳтар гардида, ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат такони тоза мебахшад.

Метавонад ганҷинаҳои Сари Хосорро ин ҷо тамошо кунед: http://sari-khosor.tilda.ws/ganginahoisarikhosor

Маъмулан диққати сайёҳони хориҷӣ ва гардишгарони маҳаллиро табиати зебою афсонавии мавзеи Сари Хосор  ба худ ҷалб мекунад. Сари Хосор дар ҳайати Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 3805 гектар доман паҳн намудааст. Парки табиии Сари Хосор бо мақсади ҳифзи намудҳои нодири набототу ҳайвонот ва рушди сайёҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми октябри соли 2005 таъсис дода шуд. Сари Хосор мавзеи кӯҳӣ буда, релефи хеле мураккаб дорад. Баландии мутлақи қаторкӯҳҳо дар ин мавзеъ 1000-1500 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳанд, ки қуллаҳои онҳо дар баландии зиёда аз 300 метр қомат афрохтаанд. Сари Хосор бо обҳои мусаффо, чашмаҳои ҷӯшону шифобахш, ёдгориҳои таърихӣ, ҳайвоноту набототи нодир ва табиати гуворояш дар сар то сари мамлакат маълуму машҳур аст.

Бино ба маълумоти санҷидашудаи илмӣ дар Сари Хосор беш аз 200 чашма мавҷуд аст, ки ширину хуштаъм мебошанд. Минералнокии обҳои ин чашмаҳо аз 0.2 то 3.0 г/л-ро ташкил медиҳанд.

Шӯробдарё, ки яке аз шохаҳои дарёи Сурхоб (Қизилсӯ) ба шумор меравад, дарёи асосии мавзеи Сари Хосор мебошад. Ин дарё дар натиҷаи ба ҳам пайвастани Шиколдара ва Муллоконӣ номи Шӯробдарёро мегирад. Шӯробдарё, ки 70 км дарозӣ дорад, баҳорон серобу пуртӯғён аст ва тирамомҳу зимимстон камоб мегардад. Дарёчаҳои Тира, Сафедоб ва Обисафед рӯдҳои нисбатан калони ин водӣ ба ҳисоб мераванд, ки киштзорон ва табиати Сари Хосорро серобу сарсабз мегардонанд.

Шаршараи Пушти Боғ бо номи Шаршараи Сари Хосор низ маъруф аст. Ин Шаршара аз фавораҳои оби мусаффо дар баландии 2010 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои ҳамешасабзи кишвар табиати Тоҷикистонро зеботар гардонида, оро медиҳад. Баландии Шаршара то 57 метрро ташкил менамояд.

Ҳарорати ҳаво дар тобистон рӯзона то + 38 дараҷаро ташкил дода, шабона бошад, +15 дараҷа селсия гарм мебошад. Зимистонаш – 15-25 дараҷа хунук мешавад. Шаршараи Сари Хосор дар Боғи табиии Сари Хосор воқеъ буда, ҳамчун макони сайёҳии кишвар шинохта шудааст. Тибқи баҳодиҳиҳо ин Шаршара дар миқёси ҷумҳурӣ зеботарин шаршараи табиӣ эътироф гардидааст. Ин ёдгории нодири табиат дар деҳаи Мулоконии ҷамоати деҳоти Сари Хосор воқеъ мебошад.

Ёдгориҳои ботаникии Сари Хосор вижагиҳои худро доранд. Аҳамияти онҳо аз нуқтаи назари илмӣ, маданӣ, таърихию зебоипарастӣ басо ҷолиб аст. Махсусан чинорҳои бисёрсолаи ин мавзеъ хеле нодиранд. Тибқи тадқиқоти ботаникӣ чинорҳои кӯҳнаи мавзеи Даштаро, манзилгоҳи  Шоҳ Неъматуллои Заробии Балҷувонӣ, мавзеи амбори Мусо ва деҳаи Дошмандӣ аз 200 то 1300 сол умр доранд. Маслан, дар мавзеи Даштаро ду чинори кӯҳане ба қайд гирифта шудаанд, ки то ҳол сарсабзанд, пажӯҳишҳои ботаникӣ исбот сохтаанд, ки  ин дарахтон 1300-солаанд. Яке аз чинорҳо Ҷувоз ном дорад, ки солиёни зиёд дар дохили ковокии он ҷувоз ҷой дода шуда буд. Чинор дорои ковокии 5,5 метр буда, бараш 3 метру 40 см ва баландии  ковокии он 2м 60см-ро ташкил медиҳад. Баландиаш бошад, ба 35 метр ва ғафсии танаи он, ба 9 метр мерасад.

Гузашта аз ин, чормағззорҳои мавзеи Сари Хосор ва деҳаи Дараи Мазор, тутзори мавзеи Сари Хосор ва Арчазори мавзеи Сари Хорсор дорои дарахтони зиёди куҳансолу  сарсабзе  ҳастанд, ки аҳамияти калони таърихӣ, ботаникӣ ва экологӣ доранд ва сайёҳони зиёдеро ба ҳайрат овардаанд. Дар баробари чашмаҳои нодир ҷамоаи ҷангалзори паҳнбарг ва ҷангалзори омехатаи мезофилӣ бо арчазор аз ганҷинаҳои дигари ботаникии ин мавзеъ ба ҳисоб мераванд.

Ба руйхати  олами ҳайвоноти  мавзеи Сари Хосор беш аз 2000 намуди ҳашарот, 4 намуд моҳиҳо,  24 намуд хазандагон,  130 намуд парандагон ва ширхӯрон шомил мешаванд.  Дар ин минтақа  ҳайвоноти нодире ҳам ба чашм мерасанд, ки ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил шудаанд ва  ин ҳайвонот аз  31 намуд иборатанд.

Дар Сари Хосор аз 23 намуди ҳайвоноти ширхӯр 6 қатори онҳо ба чашм мерасанд, ки  онҳо дарандагон, сумдорон, дастболон,  заргӯшшаклон, хояндагон ва ҳашаротхӯрон мебошанд.  Гусфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал), бабри барфӣ, хирси малла ва мӯши паррон аз қабили ҳайвоноти камёфтест, ки ба Китоби Сурхи Тоҷикистон  дохил карда шудаанд.

Дар Сари Хосор  84 намуди синфи парандагон мавҷуданд, ки онҳо аз 9 намуд парандагони муқимӣ, 12 намуд парандагони кӯчанда, 18 намуд парандагони мавсимии лонагузор, 42 намуд парандагони мавсимӣ, 3 намуд парандагони аз дигар мавзеъҳо ба ин ҷо парвозкунанда, иборат  мебошанд.  Намудҳои хоси ин парандагон асосан  дар соҳили дарёҳои кӯҳӣ ва резишҳои онҳо маскан мегиранд. Ба ин гурӯҳи парандагон ҷури обии хотистарранг, мусичаи калон, зоғобӣ, дурроҷи сиёҳ,  чархресак, сангобдаваки сафед, саъбаи сарсафед,  чарғи думдароз ва мисли инҳо шомиланд.  Ҳамчунин дар ҷангалҳо асосан дурроҷи холдор, эзорсурхаки сафедбол, булутбини арчагӣ, шонасарак, заргулдор,  бедона, булбул,  мусичаи калон ва ғайра зиндагӣ мекунанд.

Парандагони хоси мавзеи Сари Хосор шоҳин, булбули туркистонии ғарбӣ, шимшул, заргулдори ҳиндӣ, кабк,  харкафтар,  мусичаи калони кӯҳӣ, товусаки биҳиштӣ, бургут, мурғи ҳумо, дуҷҷи обӣ, зоғобӣ ва ғайра шомил мешаванд.

Муайян гардидааст, ки  дар ҳудуди мавзеи Сари Хосор 107 намуд ва зернамудҳои обсабзҳо ва беш аз 1500 растаниҳои гулдор месабзанд.  Ин растаниҳо намояндагони  оилаҳои мураккабгулон, лабгулон, лубиёгиҳо, хӯшадорон, настариниҳо ва ғайраҳо шуморида мешаванд.  Инчунин Сари Хосор макони сабзиши  147 намуд намуди растаниҳои эндемикӣ ва 2 намуд растаниҳои релектӣ мебошад. Олимони табиатшинос дақиқ кардаанд, ки дар Тоҷикистон 20 типи наботот мавҷуд аст, ки аз ин 12 типашро  дар Сари Хосор вохӯрдан мумкин аст. Ҳамзамон 20 намуд набоботи нодире вомехӯранд, ки Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) дохил карда шудаанд.

Дар ин минтақаи гуногунрелеф беш аз 200 намуди растаниҳои шифо ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳои олимони соҳаи тиб нишон додааст, ки  аксар намудҳои растаниҳои шифобахши Сари Хосор  аз рӯйи таҷрибаҳои  амалию анъанаҳои тибби халқӣ аз тарафи мардуми  маҳал барои табобати маризиҳои гуногун истифода мешаванд. Бинобар ин Сари Хосор дорои иқтидори бузурги сайёҳии табобатӣ низ ба шумор меравад. Гуногунии агробиологӣ, ҳашарот ва парандагони  нодиру зебои ин минтақаи баландкӯҳ аз ҷаззобиятҳои дигари сайёҳӣ ҳастанд.  Аз қабили гиёҳҳои шифобахши Сари Хосор ангат, чойкаҳак, пудина, бӯзбош, субинак (кокутӣ), ҷамбилак, бӯймодарон, явшон, зелол, зирк, зира ва монанди инҳо мебошанд.

Сари Хосор мавзеи бойи кандиниҳои фоиданок низ ба ҳисоб рафта, тибқи ковишҳои геологӣ дар ин ҷо захираи сурб, рӯҳ, тилло, фосфор, ангишт, намак, оҳаксанг хеле бой мебошад. Ҳанӯз замони Шӯравӣ олимон дар қабатҳои регсангҳо ва оҳаксангҳои дар жарфои 90-100 метр зуҳуроти гази табииро муайян намуданд. Ин захираҳои табиӣ аҳамияти баланди саноатӣ ва иқтисодӣ доранд, ки дар сурати равуои бемонеа дар чор фасли сол истихроҷи онҳо ба иқтисоди миллӣ таъсири амиқ мерасонад.

Умед аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои зарурӣ баро инкишофи инфростори сайёҳӣ зина ба зина таъмин мегарданд.  Дар ояндаи начандон дур шоҳиди он хоҳем гардид, ки  Сари Хосор  ба макони нодири сайёҳӣ ва саноатии кишвари маҳбубамон табдил меёбад.

Август 1, 2019 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»