ИМРӮЗ – ЗОДРӮЗИ ҶУЛЙЕТТА. Нақши яке аз машҳуртарин қаҳрамонони Вилям Шекспир рӯи саҳнаи тоҷик дар иҷрои Хайрӣ Назарова ва Муҳаббат Сатторӣ ҳанӯз аз ёди мухлисони театри тоҷик нарафтааст…

Сентябрь 16, 2019 16:17

ДУШАНБЕ, 16.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 сентабр дар тамоми ҷаҳон зодрӯзи Ҷулйетта, яке аз машҳуртарин қарамонони Вилям Шекспир, аниқтараш прототипи воқеии ин қаҳрамон  таҷлил карда мешавад.  Асари фоҷиавии «Ромео ва Ҷулйетта»   дар бораи муҳаббати ду дилдода, ки аз қабилаҳои ҷангҷӯи Монеко ва Капулетта буданд, қисса мекунад.

Хабарнигори АМИТ  «Ховар» София ШОИК чунин ёдовар мешавад:

Тибқи баъзе сарчашмаҳо, зодрўзи Ҷулйетта ба 16 сентябри соли 1284 рост меояд.  Дар ин рӯз дар шаҳри Веронаи Италия ба муносибати зодрӯзи Ҷулйетта Капулетти ҳамасола ҷашни бузург ороста, ҳар гуна барномаҳо, аз қабили спектаклҳо, фестивалу карнавалҳо  диор карда мешаванд. Дар ин рӯз ҳамчунин маросими супоридани ҷоизаҳо ба нависандагони касбӣ ва намоиши филмҳо баргузор  мегарданд.

Сайёҳон аз дигар давлатҳои ҷаҳон ба Италия омада, барои худ ба монанди Ромео ва Ҷулйетта муҳаббати хақиқӣ орзу мекунанд.

Асарҳои ин драматурги англис бо чандин забонҳои ҷаҳон тарҷума шуда, то замони мо низ омада  расидаанд.

Аз рўи ин асар бори нахуст соли 1916 Ҷеймс Гордон Эвардсом филми бе овоз сабт карда буд. Бо мурури замон, аниқтараш соли 1954 асари фоҷиавӣ дар шакли ранга рӯи экран омад.

Дар Тоҷикистон низ ҳунармандони асил «Ромео ва Ҷулйетта»-ро хуб омўхтаву пешкаши тамошобин намудаанд.

Нақши Ҷулйеттаро дар саҳнаи тоҷик бори аввал зебосанам, ҳунарманди боистеъдод Хайрӣ Назарова  офаридааст. Дар яке аз мусоҳибаҳояш Хайрӣ Назарова мегўяд: «Ҷулйеттаро аз ман Мителман сохта буд». Воқеияти ин гуфтаҳо он аст, ки ҳунарпешаи ҷавон Хайрӣ Назарова соли 1951, вақте ҳамроҳи шавҳараш аз шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба Сталинобод (Душанбеи имрўза) меояд, ўро саррежисёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ефим Исаевич Мителман ба театр даъват мекунад. Пас аз як сол Мителман ба  Хайрӣ Назарова нақши Ҷулйеттаро пешниҳод  месозад.

«Ман ҳамаи суханҳои қаҳрамони асосиро аз рўи асари Шекспир навиштаву аз ёд кардам ва то ҳанӯз китоби Шекспир пеши назарам аст»,-мегўяд ҳунарпеша.

ДАР АКС: Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова.

   23 феврали соли 1953 «Ромео ва Ҷулйетта»-ро ҳунармандони театри тоҷик пешкаши тамошобинон намуданд.  Аз гуфтаи ҳампешагони ин бонуи ҳунар, ў нақши Ҷулйеттаро дар саҳна то  40-солагӣ бозидааст.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова зимни як мусоҳиба бо хабарнигори «Ҷумҳурият» Талъат Нигорӣ гуфтааст:

«Гарчанд аз 12 — солагиам рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекардам, танҳо баъди дар театри ба номи Лоҳутӣ иҷро намудани нақши Ҷулйетта ба худ бовар карда, хешро ҳамчун ҳунарпеша шинохтам».
62 сол пеш, маҳз иҷрои ҳамин нақш дар зиндагии ин ҳунарманд таҳаввулот ба амал оварда, роҳи эҷодии минбаъдаи ҳунарпешаи 23 — соларо муайян намуд.

Бояд гуфт, ки вақте дар саҳнаи Театри давлатии академию драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фоҷиаи «Ромео ва Ҷулйетта» дар таҳияи нав ва Ҷулйеттаи дигар – актрисаи 23 — сола Хайрӣ Назарова бомуваффақият намоиш дода шуд, ин  воқеа аз тарафи мунаққидон, алоқамандони санъати театрӣ, ҳунарпешаҳо чун рӯйдоди бузурги фарҳангӣ, дастоварди арзишманди театр ва ҷилои дигарбораи ҳунари актёрону саррежиссёри он Ефим  Мителман арзёбӣ гардид…

Бо гузашти вақт ва бо пайравӣ ба ҳунари Хайрӣ Назарова чандин ҳунармандони дигари тоҷик низ нақши Ҷулйеттаро дар саҳнаи тоҷик бозидаанд.

ДАР АКС: ҳунарпешаи театр ва коргардони синамо Муҳаббат Сатторӣ

Яке аз чунин ҳунармандони асил, ки нақши Ҷулйеттаро дар саҳнаи тоҷик бозидааст,  Муҳаббат Сатторӣ мебошад. Ин асарро соли 1994 режисёри театр Мирзоватан Миров таҳия намуда, ҳамроҳи ҳунармандони ҷавон Муҳаббат Сатторӣ (дар нақши Ҷулйетта) ва Валихон Абдуллоев (дар нақши Ромео) кор карданд. Нахустнамоиши ин спектакл соли 1995 дар фестивали касбии театрии «Парасту» пешкаши тамошобинон гардид.

Мо   бо Ҷулйеттаи тоҷик Муҳаббат Сатторӣ ҳамсуҳбат шудем. Зимни суҳбат ин бонуи ҳунар иброз дошт, ки «ҳамон шабу рӯз ҷанги шаҳрвандӣ фазои Тоҷикистонро ноором сохта буд. Аз ин рӯ режиссёри театр Мирзоватан Миров ба асари фоҷиавии Шекспир даст зад ва онро пурра ба тоҷикӣ гардонида, урфу одат ва расму оини мардуми ду минтақа -Бадахшон ва Хатлонро, ки он вақт масъалаи доғи рӯз буд, дар намоиш инъикос намуд. Ин спектаклро тамошобинон хеле хуб қабул намуданд ва ҳамон сол ман ба гирифтани ҷоизаи  «Беҳтарин нақши занона» сазовор гардидам».

Ин асари фоҷиавӣ бо мусиқии ғамангез ва хеле гӯшнавоз омода гардида, дар он Хуршед Алидод ва шодравон Одина Ҳошим сурудҳои хеле хотирмонро бо овози зинда сароидаанд. Ҳамчунин як мусиқии ин намоишро Талабхӯҷа Сатторов офарида буд. Ин намоиш тақрибан чордаҳ маротиба пешкаши тамошобин гардидааст.

Ба саволи мо дар мавриди он ки аз ин намоиш ва бозидани нақши Ҷулйетта ягон лаҳзае дар хотиратон мондааст, Муҳаббат чунин посух дод:

«Бале. Спектакл хусусияти  сиёсӣ дошт ва нисбат ба намоиши он талабот сахт буд. Ин намоишро худи Вазорати фарҳанг ва Дастгоҳи иҷроияи Президент қабул карданд. Аз ин рӯ мо, ҳунармандон зимни бозидани нақшҳоямон сахт дар изтироб будем. Ҳангоми намоиш дар назди мутасаддиён, ки дар толор нишаста буданд, ман «Падар Ларенсо» гуфта, ба сими чароғе, ки хоначаро дар саҳна равшан мекард, пешпо хӯрда, афтидам (механдад). Хонаи падар Ларенсо якбора торик шуд ва ман аз алами зиёд чунон гиря кардам, ки хеле самимӣ буд. Баъдан гуфтанд, ки ин лаҳзаро ҳангоми пешкаш кардан ба тамошобинон ҳатман дар намоиш гузоранд.

Муҳаббат мегӯяд, ки бозидани нақши Ҷулйетта хеле мушкил буд. «Бовар кунед, дар баъзе мавридҳо чунон ба  образ дода мешудам, ки ҳатто дастонам карахт мешуданд. Ман чӣ қуввае, ки доштам, сарф кардаму онро аз таҳти дил иҷро намудам. Баъд аз офаридани нақши Ҷулйетта қариб ду –се рӯз ба худ наомадам. Вале ҳамаи ин беҳуда набуд, барои рушди санъату ҳунар буд. Шояд ҳамин азобҳои кашида ва бедорхобиҳои актёрон буд, ки намоиши мо баҳои баланд гирифт ва моро чӣ қадар табрику гулборон карда буданд…».

Боз баъд аз чанд сол ин асарро, аниқтараш соли 2018 ҳунармандон Шералӣ Абдулқайс ва Шуҷоат Ҷалолиддинов бо шогирдонашон пешкаши тамошобинон гардониданд. Нақши асосиро дар он  Шамсия Ҳасанова ва Ризо Юсупов хеле моҳирона бозидаанд.

«Дар дунё қиссае ғамангезтар ва ибратангезтар аз қиссаи «Ромео ва Ҷулйетта нест», — чунин оғоз мепазирад фоҷиаи Уилям Шекспир —  қиссаи ишқи ду  навҷавон аз шаҳри Веронаи Италия, ки қурбони кинаву адоват ва  душмании хонаводаҳояшон мегарданд. Баъди марги онҳо ин ду хонавода ба худ меоянд. Мефаҳманд, ки ҳамаи кинаварзию душманиҳо назди ин фоҷиаи ба сарашон омада – марги фарзандонашон ҳеҷ будааст. Ба хотири рӯҳи фарзандонашон байни худ сулҳ мебанданд ва аҳд мекунанд, ки дигар аз кину адоватҳои кӯҳна ёдовар намешаванд.

Софияи ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 16, 2019 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад