Иштирокдорони марафон-корвони ҷип тур ва дучархаронии сайёҳӣ аз мавзеъҳои нотакрори Тоҷикистон дидан мекунанд

Сентябрь 27, 2019 13:55

ДУШАНБЕ, 27.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати хизматрасонии «Рахш таксӣ»  бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр дар саросари олам таҷлил карда мешавад, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 27-29 сентябр «Марафон — корвони ҷип тур ва дучархаронии сайёҳӣ тибқи хатсайри Душанбе – Ромит – Норак – Данғара – Темурмалик – Балҷувон – Ховалинг – Кӯлоб – Восеъ — Душанбе»-ро баргузор менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, марафони мазкур имрӯз ифтитоҳ гардида, дар он роҳбарияти Кумита, ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои соҳавии сайёҳӣ, сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, инчунин воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

«Марафон-корвони ҷип тур ва дучархаронии сайёҳӣ тибқи хатсайри Душанбе-Ромит–Норак-Данғара-Темурмалик-Балҷувон Ховалинг-Кӯлоб-Восеъ-Душанбе» давоми се рӯз идома ёфта, иштирокчиён  аз манзараҳои нотакрор, аз ҷумла маҷмааи сайёҳии «Арху»-и шаҳри Ваҳдат, обанбори шаҳри Норак, мавзеъҳои сайёҳии ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ, Балҷувон, Ховалинг ва «Гӯшаи Париж»-и Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб дидан мекунанд»,- илова намуд манбаъ.

Мақсад аз баргузории корвон ва марафони велосипедронии сайёҳӣ, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи иқтидорҳои сайёҳӣ ва муаррифии ҳаматарафаи он, таҳияи хатсайрҳои нави велосипедронӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила ҷалби омма ба сайёҳии экологӣ, саргузаштӣ ва велосипедронӣ мебошад.

Сентябрь 27, 2019 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Чилдухтарон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд