Ислом Навҷувонов: «Баъзе бемориҳои дил, ки чанд даҳсола пеш табобатнашаванда ба ҳисоб мерафтанд, имрӯз бо истифода аз технологияҳои нав шифо меёбанд»

Сентябрь 29, 2019 09:45

ДУШАНБЕ, 29.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Федератсияи  умумиҷаҳонии қалб то соли  2011 дар аксар кишварҳои олам  Рӯзи умумиҷаҳонии дил ҳамасола якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегардид.  Муҳимияти онро  ба инобат гирифта, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО онро расман пазируфтанд ва шурӯъ аз соли 2011 инҷониб Рӯзи умумиҷаҳонии қалб 29 сентябр ҷашн гирифта мешавад.  Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мутахассиси соҳа — духтури Маркази ҷумҳуриявии  клиникии  бемориҳои дили Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Навҷувонов ҳамсуҳбат гардид. Номбурда  дар шарҳи ин матлаб чунин ибрози андеша намуд:

              —Дил муҳимтарин узви инсон аст, ки онро аксаран бо муҳаррики  мошин қиёс менамоянд. Дил дар тарафи чапи қафаси сина (аҳёнан дар самти рост низ), дар байни ду шуш ҷойгир аст ва тақрибан баробари мушти худи шахс мебошад. Дили одами калонсол ҳудуди 300 грамм вазн дорад. Дар баъзе  ҳолатҳо вазни дили варзишгарон то ба 450 грамм мерасад.

Тавре аз маъхазҳои илмӣ бармеояд, дил аз чор ковокӣ – даҳлез, меъдачаи рост ва даҳлез, меъдачаи чап иборат аст. Тарафҳои росту чап бо деворе дар байн аз ҳам ҷудо шудаанд. Даҳлезу меъдачаҳо байни худ ба воситаи даричаҳо (клапанҳо) робита доранд. Даричаҳо ҳам чорто — митралӣ, трикуспидалӣ, даричаи шоҳраг ва даричаи шараёни шушӣ мебошанд.

Тибқи хулосаи  табибон, имрӯзҳо бемории дилу рагҳо  афзоиш ёфтааст, ки  дар ин замина, яке аз даҳ сабаби фавти бармаҳали одамон   ба он рабт дорад.

30 январи соли равон Маркази иттилотии Созмони Милали Муттаҳид хабареро нашр намуд, ки дар он маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба 10 хатари тандурустии ҷамъиятӣ дар соли 2019 ҷой дода шуда буд.

Ба иттилои расмии ин ташкилоти бонуфузи соҳавӣ, яке аз ин 10 хатар бемории дилу рагҳо  маҳсуб шуда,  он сироятнашаванда мебошад.

Дар ин  иттилоияи СММ омадааст, ки дар натиҷаи бемориҳои сироятнашаванда, бо шумули диабети қанд,  саратон  ва системаи дилу рагҳо, ҳамасола 41 миллион одамон ба ҳалокат мерасанд. Ин шумора 70%-и маҷмӯи ҳодисаҳои марговар дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Инчунин 15 миллион одамон дар синни аз 30  то 69-солагӣ мефавтанд.

Мавриди зикр аст, ки табибон хатарҳои асри XXI-ро ба ҳаёти инсоният муайян намуда, бемории дилу рагҳоро дар сархати он қарор додаанд. Бино ба иттилои расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола  қариб 18 миллион нафар аз ин бемории нисбатан паҳнгардида ба ҳалокат мерасанд.

85 %-и чунин ҳолатҳо дар мамлакатҳои даромадашон дар сатҳи паст ва миёнабуда ба амал меояд. Зеро табобати гаронарзиш ва дастнорас боиси марги нафарони ба бемории дилу рагҳо гирифторбуда мегардад.

Боиси таассуф аст, ки  шумораи фавти умумии нафарони ба бемории дилу рагҳо гирифторбуда сол аз сол меафзояд.

Бемориҳои дил гуногун буда, яке аз онҳо  бемории иқтисобии дил ба ҳисоб меравад. Нуқсони рагҳои коронарӣ, бемориҳои даричаҳои дил, мушаки он, перикард ва номураттабии ритми дил асоситарини онҳоянд.

Солҳои охир бемории дилу рагҳо сабаби асосии фавти аҳолии сайёра гардида, паҳншавии он бо боло рафтани синну сол афзоиш меёбад. Ин беморӣ дар байни аҳолӣ аз 70 сола боло, бештар аз 50% -ро ташкил медиҳад. Дар сохтори фавтияти умумии аҳолии Тоҷикистон аз 100 ҳазор 200 нафарро ташкил медиҳад.

Зиёдшавии халестерин, мубтало будан ба диабети қанд, гирифтории шараёни фишорбаландӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ, асабонишавӣ, камҳаракатӣ ва тарзи нодурусти ҳаёт,  аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки шахсро ба гирифтории бемориҳои дилу рагҳо оварда мерасонанд.

Дар ин замина, табибон чунин мешуморанд, ки шароб ва заҳри тамоку (никотин) ба системаи дилу рагҳо таъсири манфӣ мерасонад. Масалан аз меъёр зиёд истеъмол кардани шароб дилро заҳролуд ва таркиби онро иллатнок месозад.

Дар натиҷаи амалҳои болозикр кашишхӯрии мушакҳои дил суст шуда, норасоии қалбӣ ва нафастангӣ ба амал меояд. Инчунин шароб девори рагҳои хунгард, пеш аз ҳама, рагҳои онро тағйир дода, дар охир мушакҳои он ба миқдори кам оксиген ва моддаҳои ғизоӣ мегиранд.

Пешрафти илм ва технология дар табобати бемориҳои дил ҳам таъсири мусбии худро гузошт. Бемориҳои диле, ки чанд даҳсола пеш табобатнашаванда ба ҳисоб мерафтанд, акнун дар аксари мавридҳо бо истифода аз технологияҳои нав дармон бахшида мешаванд.

Бо мурури замон дастгоҳҳои муосире пайдо шуданд, ки назар ба солҳои қаблӣ дар гузоштани ташхис ахборотро мушаххас ва қариб 100% муайян менамояд.

Пештар беморон бо сабаби кам муҷаҳҳаз гардидан бо дастгоҳҳои ташхисии муосир барои табобат гирифтан ба хориҷи мамлакат мерафтанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, алалхусус  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардид. Имрӯз дар ҷумҳурӣ техникаву технологияҳое фароҳам оварда шудаанд, ки дар муайян намудани бемории дилу рагҳо кӯмак намуда, дар ин ҷода мушкилии ҷиддӣ  боқӣ намондааст. Табобати бемории дилу рагҳо бо нархҳои дастрас ба роҳ монда шудаанд.

Тибқи маълумоти  сарчашмаҳои тиббӣ, сабаби бемориҳои силсилаи дилу рагҳо ҳамчунин иллати модарзоди рушд, зарбу лат, илтиҳоб, заҳролудӣ, ихтилоли механизмҳое, ки фаъолияти рагҳо (ва нисбатан камтар кори дил)-ро танзим мекунанд, тағйироти патологии мубодилаи моддаҳо ва баъзе сабабҳои дигар, ки феълан пурра ошкор нашудаанд, мебошанд.

Маъмултарин навъи ин беморӣ сактаи дил (инфаркт) номида мешавад.Сактаи дил вақте пайдо мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Яъне ин беморӣ дар натиҷаи қатъ гардидан ё вайроншавии гардиши хун ба амал меояд.

Гуфта мешавад, ки бемориҳои ҷарроҳии дил аз назари пайдоиш модарзодӣ ва иқтисобӣ (пайдошуда) мешаванд.

Чанде пеш дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни баргузории ҷаласаи соҳавӣ вазъи мавҷудаи соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардида, дар ин замина  масъала оид ба хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакони гирифтори бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, махсусан бемориҳои нуқсони модарзодии  мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон  қарор гирифт.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҳазору 500 нафар кӯдакони синни то 18-солаи  гирифтори бемории нуқсони модарзоди  дил дар диспансерии мутахассисони тиб ба қайд гирифта  шудаанд.

Дар ҷумҳурӣ ҷиҳати  расонидани хизматрасонии тиббии махсусгардонидашуда барои кӯдакони гирифтори нуқсони модарзодии дил 3 муассисаи давлатӣ ва 1 муассисаи хусусӣ хизмат мерасонанд.

Тавсияи ман, ҳамчун табиби ин соҳа чунин аст, ки ҳар як нафар бояд ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои нахустини бемори дилу рагҳо ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат намуда, кӯмаки аввалини тиббиро қабул намояд. Зеро тавре мегӯянд: «Табиби ҳар кас худи ӯст».

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2019 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад