Дар Душанбе дар мавзӯи «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа» конференсия доир мешавад

Октябрь 9, 2019 10:55

ДУШАНБЕ, 09.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ,  10 октябр дар пойтахт  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони  «Аҳамияти  танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ»Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,    дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 октябри соли 2019 ба имзо расид.  Дар ин қарор  Раиси шаҳр масъулини соҳаро  барои дар сатҳи баланд доир  намудани  конференсияи мазкур  вазифадор намудааст.

Мақсад аз баргузории  ин конференсия татбиқи босамари  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пойтахти мамлакат буда, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳои дахлдор, олимону адибон ва коршиносон иштирок ва маърӯза мекунанд.

Октябрь 9, 2019 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад