Дар Тошканд раисони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Сенати Ӯзбекистон мулоқот намуданд

Октябрь 8, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 08.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Тошканд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Сенати (Олий Мажлиси) Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими робитаҳои шарикии стратегӣ   дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Шукурҷон Зуҳуров Танзила Норбоеваро ба муносибати ҳамчун нахустин зан дар таърихи Ӯзбекистон ба ҳайси Раиси Сенати (Олий Мажлиси) Ӯзбекистон таъйин шуданаш табрик намуда, аз имконоти мавҷудаи ҳамкории вакилони ду ҷониб ёдовар шуд.

«Итминон дорем, ки дар муддати кӯтоҳ мо метавонем муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав барорем ва ин равобит ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд меёбанд», — афзуд мавсуф.

Зикр гардид, ки вохӯриҳои сатҳи олии президентҳои ду мамлакат дар Душанбе ва Тошканд заминаи нави ҳуқуқии ҳамкориро фароҳам оварда, таҳкими равобити дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо муҳим мебошад.

«Маҷмӯи санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии баимзорасида, ки қариб 170 ададро ташкил медиҳад, имконияти васеъро ҷиҳати амалисозии пурраи тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ — коммуникатсионӣ ва тақвияти мубодилаи фарҳангиву башардӯстона фароҳам меорад», — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Бояд гуфт, ки созишномаҳои баимзорасида дар ҳоли амалкард қарор дошта, ҳарду мамлакат раводидро то 30 рӯз бекор, парвозҳоро барқарор ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро амиқтар карданд.

Ҳамаи ин муваффақиятҳо,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров, бешубҳа, аз хирадмандии Сарони давлатҳои мо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев шаҳодат медиҳанд.

«Ҳарду ҷониб изҳори  итминон намуданд, ки дар шароити рушди ҳамкории бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои байнипарлумонӣ низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт», — афзуд манбаъ.

Октябрь 8, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия доир шуд
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад